Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

мустанг партофта, ӯро ба сар фуровардан маҷбур месозад... Аммо акнун оҳиста-оҳиста умедашро меканд.

Ҳозир онҳо аз байни чакалакҳо, ки дар ин ҷо зич даштро пӯшида буданд ва ҷо-ҷо бо буттазорони яклухт як мешуданд, дартоз мерафтанд. Ин боиси изтироби нави мустангер гардид. Модиёни гули бодом метавонист ба ягон гулии беша тоб хӯрда ё ин ки ҳамту дар миёни паттазорон аз чашм ғоиб гардад.

Модиёнҳои ваҳшӣ қариб наменамуданд. Гумон аст, ки дугонаи собиқашон онҳоро дарьёб кунад.

Вале аз ин хатар кам намешавад. Духтар хоҳ дар дашт роҳро гум кунад ё дар гулии беша ё ба байни галаи айгирҳо даромада монад — ҳамаи ин баробар хатарнок мебошад. Ва нохост ӯ дар хусуси хатари басе мудҳиштар, хатари чунон ваҳшатноке фикр кард, ки изтироби беандоза ӯро фаро гирифт ва аз тарсу ларз фарёд зад:

— Ё қувваҳои осмонӣ! Агар айгирҳо ба ин ҷо омада монанд, аҳвол чӣ мешавад?! Охир ин ҷони дӯстдоштаи онҳо мебошад. Онҳо як ҳафта пеш ба ин ҷо омада буданд. Ҳозир бошад, маҳз дар ҳамин моҳ, онҳо маст мешаванд!

Аз нав маҳмезҳои мустангер ба паҳлӯҳои турук халиданд. Кастро, ки бо суръати тамоми метохт, сар гардонд ва аз болои китф таънаомез нигоҳ кард.

Дар ҳамин дақиқаи пуршиддат турук ва соҳибаш, шояд, мустанги гули бодом низ модиёнҳои ваҳширо аз чашм гум карданд. Дар ин ягон чизи фавқулодда набуд — онҳо ба гулии беша даромада ғоиб гардиданд.

Нопадид шудани гала ба мустанги гули бодом таъсири соҳирона бахшид — вай нохост қадаммониашро суст кард ва пас аз як дақиқа дар ҷояш истод.

Морис аспушро маҳмеззанон чорхез ба ялангии беша баромад ва дид, ки мустанги гули бодом дар он ҷо рост меистад, Луиза бошад, гӯё омадани мустангерро маҳтал бошад, дар рӯи зин ором нишастааст.

— Мисс Пойндекстер! — наздик рафта ба зӯр гуфт вай. — Чӣ тавр ман хурсандам, ки асп аз нав ба шумо мутеъ мебошад! Ман хеле ҳавотир будам...

— Аз чӣ, сэр? — пурсид духтар.

— Аз хатаре, ки шуморо таҳдид мекард, — гуфт вай каме парешонхотирона.

— Оҳ, муташаккирам, мистер Чералд! Вале магар маро хатар таҳдид мекард?

пешина
аз 509
навбатӣ