Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
ба рӯи вай дашти калоне мисли пайраҳаи майдони аспдавонӣ ҳамвор доман паҳн карда буд; мустанг то дами хаста шуданаш метозад; ӯ савораашро вожгун карда наметавонад; гумон намеравад, ки ҳозир хатари ҷиддие духтарро таҳдид мекарда бошад...
Танҳо як кас ба ин ҳамфикр шуда наметавонист. Аввалин каси хавотир шудагӣ худи мустангер буд.
Вай аз ҳама охир ҳаракат кард, чунки ба печонидан лассо овора шуд. Вақте ки ӯ часта ба зин савор шуда, аз ақиби онҳо тохт, масофаи байни вай ва шикорчиёни дигар аллакай қариб дусад ярд буд.
На ба худ, на ба асп раҳм карда, пеш-пеши ҳама Колхаун бошитоб мерафт; драгун ва тирандоз каме ақиб монданд; аз қафо дигар иштирокчиёни мусобиқа асп метозонданд.
Морис тадриҷан аз ҳама пеш гузашт ва аспашро маҳмез зада, капитанро ҳам дар қафо гузошт.
Вақте ки турук пеши Колхаунро гирифта, мустанги гули бодоми дур шуда истодаро паноҳ кард, ӯ аз қаҳру ғазаб фашшос зада, аз паси вай лаънату нафрин фиристод.
Офтоби нисфирӯзӣ ба манзараи тамоман ғайриоддӣ нур меафшонд. Галаи аспони ваҳшӣ дар дашти васеъ бо суръати фавқулодда метохт. Аспе аз ин гала, ки духтар ба пушташ менишаст, дар масофаи чорсад ярд ба дунболи онҳо мерафт. Дар чунин масофа дур аз духтар ҷавони хушлибос савори аспи турук чорхез медавид ва кӯшиш мекард, ки ба ӯ расида гирад; аз паси вай қатори калони саворони ғайриҳарбӣ ва ҳарбиён меомаданд.
Аз ҳама қафо отряди драгунҳо чорнаъл асп тозонда мерафтанд, ки навакак аз гурӯҳи бо ҳаяҷону имову ишоракунандаи мардону занон, ки савора буданду дар як ҷо меистоданд, ҷудо шуда буданд.
Пас аз бист дақиқа манзара тағйир ёфт. Иштироккунандагон дар рӯи қолини сабзи бошукӯҳи дашт ҳамонҳо буданд, аммо мавқеашон дигар шуд, ба ҳар ҳол масофаи байни онҳо зиёд гардид: манада аз мустанги гули бодом, мустанги гули бодом аз турук бурдӣ масофа кард, вале рақибони муахирулзикр тамоман наменамуданд ва танҳо уқоби дар осмони лоҷувардӣ парвозкунанда бо чашми тези худ онҳоро фарқ карда метавонист.
Аспони ваҳшӣ, мустанги гули бодом ҳамроҳи саворааш, аспи турук ва савораи ӯ дар миёни фазои саванна танҳо монданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё