Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
— Гап занед, Морис, худаш чӣ гап, — гуфт майор.
— Ба он сӯ нигаред, — ба нӯги тал нишон дода гуфт мустангер.
Ҳамин кифоя буд. Ҳама чашмҳо ба нӯги тал дӯхта шуданд, ки бо суръати парвози парранда ҳайвоне метохт, ки намунаи оҳистагардӣ ва беақлӣ ҳисоб карда мешавад.
Ҳари ваҳшӣ аз ҳамцинси худ — ҳари хонагӣ ба куллӣ фарқ мекард. Ҳари ваҳшӣ дар калонӣ қариб ба мустангҳо баробар буд, ки аз пасашон метохт. Агар вай аз давандтарини онҳо тезтар натозад ҳам, ба ҳар ҳол ақиб намемонд. Ин манзараи зинда дар фони дашти сабз бо тезии барқосо ба вуқӯъ омад. Мушоҳидакунандагон байни худ якчанд калима радду бадал накарда буданд, ки молиёнҳои ваҳшӣ қариб ба наздашон расиданд. Дар ҳамин ҷо мустангҳо гӯё бори аввал гурӯҳи саворонро диданд ва таъқибкунандаи мафҳури худро фаромӯш карда, ба дигар тараф тоб хӯрданд.
— Леди ва ҷентелменҳо! Дар ҷойҳои худ истед! — ба савороне, ки аспори худро нигоҳ доштанӣ мешуданд, рӯ оварда фарёд зад Чералд. — Ман чарогоҳи дӯстдоштаи ин галаро медонам. Мустангҳо ба ҳамон ҷо шитофтанд. Мо аз паси онҳо меравем ва дар он ҷо барои шикор имконияти нағз пайдо мешавад. Агар шикорро ҳозир сар кунем, онҳо ба он паттазор даромада ғоиб мешаванд ва аз нав онҳоро диданамон дар гумон... Канӣ, сеньор Креспино! Ин мурдорро сари як тир карда мон. Охир ӯ дар масофаи тиррас, ҳамту не?
Мексикои милтиқи калтамили худро аз қоши зин гирифта, ба пеш нигаронию ва нишон гирифта, ба тарафи ҳари ёбоӣ тир холӣ кард.
Ҳар ҳангос зад, вале, зоҳиран, ин аз тарафи вай фақат довталабӣ буд. Вай зарар надод: тири Креспино хок хӯрд.
— Ӯро нигоҳ доштан лозим, — хитоб кард Морис, — набошад вай то шаб аз паси мустангҳо таъқиб мекунад!
Мустангер якбора аспро маҳмез зад. Кастро мисли тири аз камон ҷаста аз паси ҳари ваҳшӣ, ки ба ҳеҷ чиз аҳамият надода, таъқибашро давом медод, тохт.
Кастро роҳи хари миёнбур карда, дар як фурсати кӯтоҳ соҳибашро ба масофаи расонд, ки лассо партофтан мумкин буд. Лаҳзае нагузашта, ҳалқаи лассо бо тезии барқ дар болои гӯшҳои дарози хар виззос зад.
Морис лассоро партофта, нимпаҳлу гашт, — Кастро якбора чарх заду ҳамчунон итоаткорона дар ҷояш истод ва маътали силгав, пойҳояшро тиргак карда истод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё