Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

вақте ки пичирроси таҳсинпомезеро мешунид, ҳама вақт ба сӯи он духтаре, ки ба фикри ҳама, қалбашро ба ӯ бахшида буд, наменигарист.

Оҳ, духтари Пойндекстер! Ҳам дар меҳмонхонаҳои Лиузианаи мутамаддин, ҳам дар даштҳои бекаси Техас ҳузур доштани ту боиси ҷӯшу хурӯши дилҳо мегардад. Дар ҳар куҷое ки ту пайдо нашавӣ, орзую хаёлҳои ҳасратпарастона ҷони тоза мегиранд ва ишқ тӯфон мекунад.

Боби XIV

МАНАДА

Агар Морис Жералд ҳокими мутлақи дашт ва агар ҳамаи бошандагони он ба вай мутеъ мебуданд, ӯ барои шикори аспҳони ваҳшӣ аз ин дида ҷои мувофиқеро, ки сайёҳонро оварда буд, интихоб карда наметавонист.

Ҳамин ки маи немисии таҳхонаҳои Сан-Антонио дар ҷомҳо кафк кард ва кабудии осмон ба назар чуқуртар ва алафҳо боз ҳам зумуррадгун намудан гирифтанд, нохост «Mustenos!» гуфтани касе ғалвоғуларо пахш кард ва қаҳқаҳои хандаи шодона суханони нимгуфтаро доир ба шикоргоҳ бурид. Ин фарёди вакерои мексикой буд, ки ба тали дар он наздикӣ воқеъ гардида ҳамчун пешқаровул фиристода шуда буд.

Морис, ки ба сифати меҳмон ба сари дастурхон таклиф карда шуда буд, зуд маи стаканашро нӯшид ва ҷаста ба асп савор шуда, фарёд зад:

— Cavallada?!¹

— Не,— ҷавоб дод марди мексикой,— manada.

— Чиҳо мегӯянд? — пурсид Колҳаун.

— Mustenos, — ба забони мексикой маънояш «мустанг»,— ҷавоб дод майор,— манада гуфта галаи модиёнҳои ваҳширо меноманд. Дар ин вақти сол модиёнҳо аз айғирҳо ҷудо мегарданд, агар фақат...

— Агар чӣ? — бесаброна пурсид капитан Колҳаун эзоҳи суҳанро бурида.

— Агар ба онҳо ҳарҳо ҳамла накунанд,— ҷавоб дод майор.


¹ Cavallada (испанӣ) — галаи айғирҳои ёбоӣ.

пешина
аз 509
навбатӣ