Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

чи корранд. Аз афташ маълум, ки вазифаи мушкиле дар наздаташон истодааст.
— Гапатон дуруст, майор, вазифа ҳақиқатан вазифаи осон не! — ҷавоб дод мустангер ва ба маҳбуси чорпо не, балки ба креолдухтари ҷавон зуд назар андохт.
Духтар тамоми қувваташро ба он ҷамъ кард, ки худро ошкор насозад ва дар ҳолате ки меларзид, худро қафо кашида, дар байни издиҳоми меҳмонон ғоиб гардид.
— Ҳеҷ гап не, Морис, ҳеҷ гап не! — бо оҳанги таскинбахш такрор мекард майор.— Агарчи чашмонаш оташ барин дурахшанд ҳам, гарав мебандам, ки шумо зада кӯфта ӯро ром мекунед: Санҷида бинед!
Мустангер таклифи майорро қабул накарда наметавонист — ғурури шуғлиаш ба ӯ имкон намедод. Ин даъват ба чолокӣ, маҳорати ҷовандози ин ӯ буд: дар даштҳои Техас сазовори эътироф гаржидан чандон кори осон набуд!
Морис розигии худро бо ҳамин изҳор кард, ки чобукона аз зин ҷаста фуромад ва лаҷоми аспашро ба Зеб Стумп дода, ба мустанги гули бодом наздик шуд.
Шикорчии ҷавон барои дигар хел тайёрӣ вақт сарф накарда, танҳо илтимос намуд, ки ҷойро холӣ кунанд. Ин дарҳол иҷро карда шуд; аксарияти меҳмонон аз ҷумла ҳамаи занҳо ба асотея баргаштанд.
Морис Чералд фақат як бӯлаки лассо дар даст ҷаста ба асп савор шуд ва онро ҳалқа карда ба фуки ӯ андохту ба шакли лаҷом аз болои сараш кашид.
Аспи ваҳшӣ бори аввал одамро дар пушти худ ҳис кард ва маротибаи аввал чунин таҳқир ба вай расонида шуд.
Шиҳаи гӯшкаркунандаи бадҷаҳлона аз он гувоҳӣ медод, ки ин тааддӣ ба озодӣ ӯро чӣ гуна ба қаҳру ғазаб овард.
Асп чароғпоя шуд ва дар ин ҳолат якчанд сония баробарвазнии худро нигоҳ дошт. Савора саросема нашуд ва бо ҳар ду даст гардани ӯро оғӯш кард. Бо тамоми қувват гулӯи ӯро фишурда, ба вай боз ҳам чафстар шуд. Агар вай ҳамин корро намекард, асп худро ба тахтапушт партофта, савораро дар таги монда пахш мекард.
Пас аз ин мустанг ҷуфтак парондан гирифт — ин усулест, ки аспи ваҳшӣ дар чунин мавридҳо онро ҳамеша ба кор мебаранд. Ин рафтори асп савораро дар ҳолати махсусан мушкил гузошт: ӯ метарсид, ки асп ӯро аз пушташ мепартояд. Мустангер, ки аз чобукии худ дилаш пур буд, аз зину узангу даст кашида буд, аммо ҳозир зину узангу мебуд, ба вай хеле ёрдам

пешина
аз 509
навбатӣ