Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
чандин бор чашмашон ба ин нигоҳ афтид, зеро ҳаракате, ки боиси ин мегардид, чандин маротиба такрор шуд.
Бонуи ҷавони Каса-дель-Корво сари ҳар чанд дақиқа ба девора наздик шуда, аз байни ҳамворӣ ба дур чашм дӯхта, гӯё дар уфук ким-чиро ҷустуҷӯ менамуд.
Чаро вай ин корро мекард, ҳеҷ кас намедонист ва ин ҳеҷ касро безобита намекард. Ба ҷуз Кассий Колхаун дигар ҳеҷ касро. Ӯ гумону шубҳаҳое дошт, ки азобаш медоданд.
Вақте ки дар дашт дар шуоъҳои тиллоранги офтоби ғуруб кардаистода ким-чие ҳел тарҳҳо намудор шуданд, касони дар асотея истода ба зудӣ галаи аспонро диданд, ки якчанд савора онро ронда меовард ва капитани мустаъфӣ акнун шубҳа намекард, ки пеш-пеши ин дастаи саворон кӣ меояд.
Ҳанӯз хеле пеш аз он ки галаи аспон диққати меҳмононро ба худ ҷалб намояд, Луиза онро аз рӯи абри гарду чанг дар уфук бархоста пайхас карда буд. Дар ҳақиқат, абри гарду чанг аввал ба андозаи хурд ва номуайян буд, ки онро фақат шахси бодиққат нигаронбудагӣ дида метавонист. Аз ҳамин дақиқа эътиборан креолдухтари ҷавон бетакаллуфона бо дугонаҳояш ҳарф зада, ба наздик омадани абри гарду чанг назорат мекард; вай аллакай сабаби онро пай мебурд, аммо фикр мекард, ки инро танҳо як худаш медонад.
— Аспони ваҳшӣ! — бо дурбин нигариста, эълон кард майор, коменданти қалъаи Инч.— Касе онҳоро ба ин сӯй ронда меорад, — дуюмбора дурбинро ба чашм наздик бурда гуфт вай.— А! Акнун дидам: ин Морис-мустангер — вай гоҳ-гоҳ асп оварда ба мо мефурӯшад. Мисли ин ки вай рост ба ин тараф меояд, мистер Пойндекстер.
— Эҳтимол, вай ҳамон ҷавони барнои номашро навакак шумо гирифтагӣ бошад, — ҷавоб дод молики Каса-дель-Корво.— Он мустангер ваъда карда буд, ки бист-сӣ асп дастгир карда барои ман меорад ва, шояд, онҳоро оварда истода бошад... Ҳа, ҳамин тавр ҳам ҳаст, — ба дурбин нигариста гуфт вай.
— Боварӣ дорам, ки ӯ худаш! — хитоб намуд писари плантатор.— Аз ваҷоҳаташ Морис Чералд буданашро мешиносам.
Духтари плантатор низ ҳамин гапро гуфтанаш мумкин буд, аммо вай сир бой надод, ки вай аз ин ягон қадар ҳавасманд аст. Ӯ пай бурд, ки чашмони бадҳашми писари аммаш якзайл ба ӯ менигаранд.
Ниҳоят гала наздик омад. Дар ҳақиқат пеш-пеш Морис-мустангер асп тозонда меомад; ӯ мустанги гули бодомро этал карда меовард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё