Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Дар он ҷо гашти рӯз, вақте ки офтоб пеш аз ғуруб ба қуллаҳои барфпӯши кӯҳҳои Орисаба, Попокатепетл, Талука ва кӯҳҳои Экизак нури гулобиранги худро мепошад, қабалерои мексикой сару либоси гулдӯзӣ дар тан дар назди сеньоритаи гулрухсор худнамоӣ карда, дуди сигорашро рост ба рӯи вай сар медиҳад.

Зебосанами чашму абрӯсиёҳ нармдилона ба эътирофоти ошиқона оромона гӯш медиҳад, шояд, гӯш надохад, балки фақат вонамуд мекунад ва маҳзунона ба асиендаи аз он ҷо дур, ки каси дилашро ба ӯ бахшидагӣ зиндагӣ мекунад, менигарад.

Шомро дар болои боми хона гузаронидан — ин урфу одати дилписандет, ки ҳар каси ба асиендаи мексикой кӯчида омадагӣ ба он риоя мекунад. Комилан табиист, ки оилаи плантатори Луизиана низ ба он риоя менамуд.

Ва ин бегоҳ, вақте ки хонаи таомхӯрӣ холӣ шуд, меҳмонон дар меҳмонхона не, балки дар болои бом ҷамъ шуданд. Офтоби фурӯ рафта истода бо шуоъҳои уребаш ба чунин ҷамоаи зебо ва хушҳол, ки гумон аст мислаш ягон вақт дар асотеяи Каса-дель-Корво ҷамъ омада бошад, нур мепошид. Меҳмонон дар рӯи фарши гулбароварди он сайру гашт мекарданд, гурӯҳ-гурӯҳ меистоданд, ё дар назди деворчаи асотея истода ба дур менигаристанд. Ҳатто замонҳои пеш, вақте ки соҳиби пештарӣ Каса-дель-Корво идалгоҳои маҳаллин сар то сари Коауил ва Техас аз ҳама машҳурро пазироӣ мекард, — ҳатто ҳамон вақтҳо ин бегоҳ барин дар ин ҷо гулҳои сари сабади диловарон ва соҳибҷамонон ҷамъ наомада буданд.

Ҷамоате, ки дар Каса-дель-Корво ҷамъ омада, Вудли Пойндектерро ба муносибати ба мулки Техас кӯчида омаданаш табрик карданӣ буданд, ба водии рӯди Леона, балки маҳалҳои басе дурдаст тааллуқ доштанд. Дар ин ҷо аз Гонсалес, аз Костровилла ва ҳатто аз Сан-Антонио — дӯстони деринаи плантатор, ки ӯ барин, ба ҷануби ғарбии Техас кӯчида омада буданд, меҳмонон ҳузур доштанд; бисёрии онҳо зиёда аз сад миль роҳро асп тозонда омада буданд, ки дар ин тантана иштирок кунанд.

Плантатор барои шукӯҳу ҳашамати базм на пулро дареғ дошта буд, на меҳнатро. Мундирҳо ва эполетҳои пурҷилои афсарҳои мукаллаф, оркестри ҳарбӣ, майҳои кӯҳнаи хуштаъми таҳхонаҳои Каса-дель-Корво — ҳама инҳо ба базм шукӯҳу дабдабае мебахшиданд, ки то ин дам соҳилҳои Леона мислу монандашро надида буд.

пешина
аз 509
навбатӣ