Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
ба он назар андохтед. Ҳозир мебинед, ки ман онро бе об нӯшида метавонам ё не. Биёед озмуда мебинем!
Шикорчии куҳансол стаканро ба лабонаш наздик бурд ва се-чор култи карда, онро холии ба Флоринда гашта дод. Садои чалп-чалр нидоҳои беихтиёри тааҷҷубро, ки аз даҳони иреолдухтари ҷавон ва хизматгори ӯ баромада буданд, қариб паҳш кард.
— Гуфтед, ки гулӯямро месӯзонад? Ягон қадар ҳам насӯзонд. Фақат гулӯямро шуста тоза кард ва акнун ман метавонам дар хусуси мустанги гули бодом бо падари шумо гуфтугӯ кунам.
— Эҳ-ха! Тамоман аз хотирам баромадааст... Не, ман инро гуфтани набудам... Ман фикр кардам, ки шумо ҳанӯз ба фаҳмида гирифтан фурсат наёфтаед. Магар дар бораи он гуландом ягон хабар ҳаст?
— Гуландом — гуфтагитон дуруст.
— Пас аз ба хонаи мо омаданатон, шумо дар бораи ин мустанг ягон чизи нав шунидед?
— На фақат шунидам, балки онро дидам ва даст-даст кардам.
— Наход?
— Мустангро дастгир карданд.
— Рост мегӯед? Чӣ гуна хабари хуш! Ман хурсандам, ки ӯро мебинам ва чӣ тавр хуб мебуд агар ба он савор мешудам!
Аз бозе ки ба Техас омадаем, ягон аспи нағзам набуд. Падарам ваъда кард, ки он мустанг ҳар қадар қимат наистад, ӯро барои ман мехарад. Аммо он одами хуштолеъ кист, ки ӯро сер карда қапид?
— Шумо гуфтаниед, ки аспро кӣ дастгир кард?
— Ҳа-ха! Охир кӣ?
— Албатта, мустангер.
— Мустангер?
— Ҳа, мустангере, ки дар даштҳои ин ҷо нағз асп метозонад, ҳам нағз лассо мепартояд. Боз мексикоиҳоро таъриф мекунанд. Ҳеч гоҳ ягон мексикоиеро надидаам, ки вай мисли ин ҷавон чунин моҳирона аспонро ӯҳдабаро шавад ва сарамро гарав мемонам, ки дар вай як чакра хуни мексикоӣ нест!
— Номаш чӣ?
— Номаш чӣ? Росташро гӯям, фамилияашро ягон маротиба нашунидаам, номаш бошад — Морис. Ӯро дар ин ҷо ҳама Морис-мустангер меноманд.
Шикорчии пир чандон мушоҳидакор набуд, ки бо чӣ гуна

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё