Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
шад. Ба оҳ кашидан бошад, ман вақт надорам. Ҳозир корҳои дигарам ба худам кифоя — охир қамаш сад меҳмонро пазироӣ кардан лозим ва қариб ҳамаи онҳо ношинос мебошанд. Дар байнашон плантаторҳои ҷавон ва афсарон ҳастанд, ки агар мӯи ман дар ту бошад, ҳамаашонро шайдои худ мекардӣ. Ҳа-ҳа! Ман бошам ҳеҷ майлу хоҳише надорам, ки онҳоро, ягон нафарашонро мафтуни худ созам! Бинобар ҳамин зудтар мӯямро ба тартиб андоз, боз онро тӯр барин бофта намонӣ.
— Оҳ, мисс Луи, шумо рост мегӯед? — пурсид зангидухтар бо купҷкоии ошкоро. — Ва шумо мегӯед, ки аз ин сентлменҳо ягон нафарашон ба шумо маъқул нест? Вале охир ду-се ҷавони ниҳоят хушрӯ ҳам меояд! Якеаш он плантатори ҷавон ва он ду афсари хушрӯ. Шумо охир дар бораи кӣ гап заданамро медонед. Ҳамаи онҳо чунон ба шумо хушомад мезаданд, ки. Шумо, мисса, боварӣ доред, ки аз ишқи ягон нафари онҳо оҳ измекашед!
— Боз гапи оҳу воҳ! — хандакунон гуфт Луиза. — Бас аст, Флоринда, вақт мегузарад. Аз хотир набарор, ки имрӯз зиёда аз сад меҳмон меояд ва ба ман ақалан ним соат вақт лозим, ки ба ин хел зиёфати калон тайёр шавам.
— Хотирҷамъ бошед, мисс Луи, хотирҷамъ бошед! Мо дер намекунем. Либоспӯшонии шумо душвор не — мисса ҳар хел либос ки пӯшанд, мезебад. Ҳатто агар куртаи оддии пахтачиндухтарро пӯшед ҳам, аз ду сар аввалин парипайкар шумо мешавед!
— Ин қадар ба хушомадгӯӣ усто шудаӣ, Флоринда! Ба гумонам, аз ман ягон муддао дорӣ. Шояд, хоҳӣ, ки туро бо Плутон оштӣ доронам?
— Не, мисса, Плутон дигар ҳеҷ гоҳ дӯсти ман нахоҳад шуд. Вақте ки дар дашти сӯхта тӯфон ба мо ҳамла кард, маълум шуд, ки Плутон аз ҳама тарсончактар будааст! Оҳ, мисс Луи, агар ҳамон сентлмени ҷавон дар сари вақт савори аспи турук расида намеомад, аҳволи мо чӣ мешуд?
— Агар вай намешуд, Флориндаи азиз, эҳтимол ягон касӣ мо дар ин ҷо намебуд.
— Оҳ, мисса, вай чӣ хел хушрӯ! Рӯяшро дар хотир доред? Ранги мӯи ғафсаш, худи ранги мӯи шумо барин, аммо мисли мӯи ман андӯк чингила. Ва он плантатори ҷавон ё ки афсари қалъа дар пеши вай як пул! Бигузор зангиҳои мо гуфтан ги-ранд, ки вай сафедпӯсти бехонаву ҷой аст — аз ин чӣ? Ӯ чунон хушрӯ, ки ҳар як духтар ба як дидан ошиқаш мешавад. Бағо-ят ҷавонии хушрӯ! Бисёри бисёр ҷавони хушрӯ!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё