Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
бинобар ҳамин ба гумон мӯи ӯро, чӣ тавре ки зангидухтар соддалавҳона «ҳамчун ушнан испании» гуфта буд, сиёҳтоб ва бошукӯҳ гуфтан лозим буд. Вале он сиёҳ набуд; он дорчинранги баланд буд, ки баъзан ранги сангпушт ё худ самури зимистон ба даст афтода ҳамин хел мебошад.
— Оҳ, — миллаи вазнини мӯйро, ки дар кафи дасти сиёҳи вай тобиши дорчинранг медод, гирифта ба гапаш давом намуд Флоринда, — агар ин пашми гӯсфанд не, мӯи зебои шумо дар ман мебуд, як кас намонда ҳама ба пеши поям меафтиданд!
— Дар чӣ хусус гап мезанӣ? — гӯё аз хоби хаёлоти ширин бедор шуда бошад, пурсид креолдухтари ҷавон. — Чӣ гуфтӣ? Дар пеши пои ту? Кӣ?
— Обо-е, магар мисс намефаҳмад, ки ман чӣ мегӯям?
— Ростӣ гап, не.
— Ман маҷбур мекардам, ки онҳо ба ман ошиқ шаванд. Ана чӣ!
— Охир киро?
— Ҳама сентлменҳои сафедпӯстро! Плантаторҳои ҷавонро! Афсарҳои қалбаро — аз як сар сар карда ҳамаро! Мисс Луи, мӯи шумо дар ман мешуд, ман ҳамара шайдои худ мекардам!
— Ҳа-ҳа-ҳа! — ханда кард Луиза ва ба Флоринда назар андохта, ӯро бо мӯйсари худ тасаввур намуд. — Агар мӯи ман дар ту мебуд, ба фикрат ягон мард ба ту ошиқ нашуда намемонд?
— Не, мисс, на фақат мӯятон, балки ҳам рӯи шумо, пӯсти шумо, ки мисли пахта сап-сафед аст, андоми хиромони шумо, ҳам чашмони шумо... Оҳ, мисс Луи, шумо чунон соҳибҷамол ки! Ин гапро аз забони сентлменҳои сафедпӯст шунидам. Аммо чӣ гуфтанашонро шуниданам хоҷат нест, — ман худам мебинам.
— Флоринда, ту хушомадгӯиро ёд гирифтаӣ.
— Не, мисс, суханатонро гашта гиред! Ягон гапам хушомад не, ягон гапам! Ба ҷонатон қасам! Ба ҳаввориҳо қасам!
Касе ки фақат як бор Луизаро дидааст, хоҷати қасамхӯрии зангидухтар набуд, ки бо вуҷуди ҳар қадар ваҷдомез будан ба самимияти суханони вай бовар накунад. Гӯем, ки Луиза Пойпдекстер соҳибҷамол аст, — ин фақат тасдиқи фикри умумии допран одамонест, ки ӯро иҳота кардаанд. Ҷамоли Луиза Пойпдекстер бо як дидан ҳамаро дар ҳайрат мемомонд, аммо барои тасвири он сухан ёфта гуфтан мушкил буд. Қалам аз тасвири ҷамолаш оҷизӣ мекунад. Ҳатто мӯкалам дор ба пайкари ӯ фақат тасаввуроти ночизе дода метавонист ва ягон рассом дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё