Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
ки дар сар то сари ҳудуди калони Америкаи Испанӣ пароканда гардида буданд, кам фарқ мекард.
Чунин буд ҳавлие, ки плантатори Луизиана ба наздикӣ харида буд.
Агар сокинони онро ба ҳисоб нагирем, то ҳол на дар намуди зоҳирии хона, на дар дохили он ягон дигаргунӣ ба амал надаромадаст. Чеҳраҳои шаклашон ниманглисусаксӣ, нимфрансузӣ-американӣ дар роҳравҳо ва рӯи ҳавлӣ ба чашм намудор мешаванд, ки пеш дар он ҷо фақат испаниягиҳои асилро дидан мумкин буд; ба ҷои забони бои хушоҳанги Андалузия, акнун дар ин ҷо забони нофорами халқии нимтевтонӣ ва фақат гоҳ-гоҳ каломи оҳангдори креоло-франсузӣ шунида мешавад.
Берун аз деворҳои ҳавлӣ, дар кулбаҳои бо баргҳои юкка пӯшида шуда, ки пеш пеонҳо1 зиндагӣ мекарданд, дигаргуниҳои басе ба назар намоён рӯй додаанд.
Дар он ҷое, ки вакерои2 қоматбаланди логарсимо кулоҳи сиёҳи лапарвасени пардознок ба сар ва серапеи раҳ-раҳ дар китф маҳмезҳояро ҷарангос занонда, бовикор дар дашт рафтуомад мекард, акнун назоратчии ҳавобаланд мегардад, ки нимтанаи кабӯд ё ин ки боронӣ дар тан дорад ва дар ҳар ҳаму рост камчинашро касаррос мезанонад; дар он ҷое, ки авлодони сурхпӯсти ацтекҳо 3, ки ба зӯр баданашонро бо пӯсти гӯсфанд пӯшида, маҳзунона дар назди ҳакалеҳои худ рафтуомад мекарданд, акнун писарон ва духтарони сиёҳпӯсти ҳабаш манаҳ мезананд, сурудхонӣ мекунанд, мерақсанд ва гӯё ақидаеро, ки ғуломӣ — ин бадбахтист, рад менамоянд.
Ин дигаргунӣ дар плантацияҳои Каса-дель-Корво оҳ боиси беҳбудӣ мебошад?
Замоне буд, ки англисҳо ба ин савол комилан муттафиқона ва бо завқ «не» гуфта ҷавоб медоданд ва дар самимии будани суханони худ ба шубҳа роҳ намедоданд.
Оҳ, иллат ва риёкории одамӣ! Ҳусни таваҷҷӯҳе, ки мо солҳои дароз нисбат ба ғуломон дар дил парваридаем, маълум шуд фақат риёкорӣ будааст.
Англия ба тобеияти олигархия4 афтида монд — ба тобеия-
1 Пеон — мардикори рӯзбайт, ки ба помещики испанӣ дар ҳолати нимғуломӣ вобастагӣ дорад.
2 Вакеро (испанӣ) — подабон.
3 Ацтекӣ — ҳиндуҳое, ки дар замонҳои қадим дар Мексика иқомат мекарданд.
4 Олигархия — (юнонӣ — ҳукмронии як қисми каме) — ҳукмронии сиёсӣ ва иқтисодии як қисми ками истисморкунандагон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё