Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

ва қариб ҳамон лаҳза ба байрақи қалъаи Инҷ, ки дар масофаи саду панҷоҳ миль шарқтари ҳалиҷи Матагорд воқеъ гардидааст, нур меафшонанд.

Насими саҳаргоҳ пораи матои байрақи бардошта истодаро мекушояд.

Эҳтимол, байрақи пурситора бори аввал бар болои намоишоти ин қадар пурҳаяҷон парафшонӣ мекард.

Гуфтан мумкин, ки дар ин барвақтии субҳидам намоиш аллакай сар шуда буд.

Баробари дамидани аввалин шӯълаҳои шафақ аз ҳар кунчу канор савораҳо пайдо шуда роҳи қалъаи Инҷро пеш мегиранд. Онҳо ду-ду, се-се, баъзан гурӯҳҳои панҷ-шаш нафариро ташкил дода мераванд; онҳо ба ҷои таъиншуда расида, аз аспҳо мефуроянд ва онҳоро ба девори чӯбин мебанданд.

Баъд онҳо дар майдони намоиш тӯб-тӯб шуда байни худ гап мезананд ё ба посёлка мераванд; ҳамон онҳо пеш ё қафо бо навбат ба меҳмонхона медароянд, то ба соҳиби он, ки онҳоро дар паси деворчан бар пешвоз мегирад, арзи эҳтиром намоянд.

Одамони дар ин ҷо ҷамъомада ба миллатҳои гуногун тааллуқ доранд — дар байни онҳо намояндагони қариб ҳар як мамлакати Аврупоро вохӯрдан мумкин. Аксарияти онҳо мардуми тануманди қоматбаланд буда, авлодони аввалин муҳоҷироне мебошанд, ки бо ҳиндуҳо ҷангида, онҳоро аз заминҳои бо хун обёрикардаашон таъзиқ дода бароварда буданд ва дар ҷойҳое, ки вигвамҳо меистоданд, кулбаҳои чӯбин сохтанд ва баъд ба буридани бешазорҳои ду канори Миссисипи шурӯъ намуданд. Аз иштирокчиён баъзеҳо бо кишти ҷуворимакка машғуланд, дигаронашон киштукори пахтаро афзал медонанд, аммо бисёри онҳо — аз ҷойҳои басе ҷанубтар ба Техас кӯчида омада буданд, то ки ба парвариши найшакар ва тамоку машғул шаванд.

Агарчи шумо дар ин ҷо ҳам чорводорон, ҳам шикорчиён, ҳам дӯкондорон ва ҳатто ҳар хел савдогар, ҳатто ғуломфурӯшонро вохӯред ҳам, бештар аз ҳама аз рӯи тамоил ва рағбат плантаторон мебошанд.

Дар ин ҷо ҳам юрист, ҳам заминченкун, ҳам заминҷаллоб, ҳам ҳар гуна дӯстдорони даромади осон, ки тайёранд ба ҳар кор даст зананд, хоҳ он тамғагузории чорво бошад, хоҳ юриши муқобили команчиҳо ё он тарафи Рио-Грандеро ғорат кардан.

Сарулибоси онҳо касбу корашон барин гуногун мебошад. Мо аллакай сарулибоси онҳоро тасвир карда будем — инҳо ҳамон одамоне мебошанд, ки чанд рӯз пеш аз ин дар рӯи ҳавлин

пешина
аз 509
навбатӣ