Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҳавобаландии ту дар хонаи мо, такаббури ту ҳатто дар ҳузури хизматгорон, ба қадри кифоя равшан нишон медоданд, ки ҳамаи инҳо беғап нестанд. Ту соҳиби Каса-дель-Корво мебошӣ, ман инро медонам. Вале омири ман нестӣ.

Колҳаун аз ин ҷавоби нотарсона гаранг шуд. Қартае, ки ба он умед баста буд, зоҳиран, ба ӯ дастболо намеовард. Ва онро напартофта нигоҳ дошт. Дар дасти вай козури боз ҳам пурқуввате буд.

— Ҳамту! — писхандкунон ҷавоб дод ӯ. — Хайр чӣ, омири қалби ту
набошам, ба ҳар ҳол бахту иқболат дар дасти ман аст. Ман медонам, ки ту аз боиси кадом-як нобакори ҳакиру паст ба ман ҷавоби рад додӣ...

— Дар бораи кӣ мегӯйӣ?

— Чӣ тавр кундфаҳм ҳастӣ!

— Ҳа. Вале, шояд, дар зери калимаи нобакори ҳакиру паст худатро дар назар дошта бошӣ? Дар он сурат ман ба осонӣ пай мебарам. Тасвир ба қадри кофӣ дуруст аст.

— Бигузор ҳамин тавр бошад, — аз хашму ғазаб суп-сурх шуда ҷавоб дод Колҳаун, вале ҳамоно худдорӣ карда. — Модоме ки ту маро нобакори ҳакиру паст меномӣ, агар бо ту чӣ кор карданамро гӯям, гумон аст ки ман қадру манзалатамро дар назди ту паст кунам.

— Бо ман? Баҷаи амма, ту аз ҳад зиёд худписанд ҳастӣ. Ту бо ман тавре гап мезанӣ, ки гӯё хизматгорат бошам ё ҷӯриат. Хушбахтона, ин ҳамин тавр не!

Колҳаун ба нигоҳи пуркину адоват тоб оварда натавониста, хомӯш гардид.

— Ту бо ман чӣ кор карданӣ ҳастӣ? Донистанам беҷо намебуд, — давом намуд ӯ.

— Баъд мефаҳмӣ.

— Ту маро бароварда ба дашт меронӣ ё ба дайр бурда меандозӣ? Ё... шояд, ба маҳбас?

— Сухани охиринат, эҳтимол, табъи дилат бошад, ба шарте, ки туро ҳамроҳи ӯ ҳабс кунанд...

— Давом диҳед, сэр: қисмати ман чӣ мешавад? Тоқатам тоқ шуд, — гуфт Луиза.

— Саросема нашав. Намоиши якум фардо сар мешавад.

— Ин қадар зуд! Дар куҷо, фаҳмидан мумкин?

— Дар суд.

— Чӣ тавр, сэр?

— Ҳамту: ту дар назди суд ва дувоздаҳ вакили даъво ҷавоб хоҳӣ гуфт.

пешина
аз 509
навбатӣ