Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
— Ҳа, ба хона бармегардад! — хитоб намуд Зеб ва ба дакори паттазор баромада дид, ки Колҳаун ба сӯи осиёи Каса-дель-Корво чорнаъл асп метозонад. — Яқин ки ба хона бармегардад!.. Мо бошем, кампирча, — вақте ки аспи булӯл аз назар ғоиб гардид, ба гапаш давом намуд Зеб, — ба дигар тараф меравем ва мефаҳмем, ки барои чӣ ӯ тир холӣ кард.
Пас аз даҳ дақиқа Зеб аз модён фуромад ва чизеро аз замин бардошт, ки ба вай ҳатто ҷасуртарин кас гумон буд бе тарсу ларз ва қароҳат даст дароз кунад.
Вале эҳсоси дигар Зебро мушавваш сохт. Агарчи пӯст муҷмалак шуда, хуни хушк чеҳраи ӯро баднамо карда бошад ҳам, тарҳи рӯи ошёро шинохт; ҳатто мурда ва бадшакл ҳам барои ӯ азиз буд.
Зеб кулоҳро аз сари мурда гирифтанӣ шуд, вале ҳар қадар зӯр зада бошад ҳам, ин ба вай муяссар нагардид: канораи кулоҳ ба пӯсти варамкарда чуқур фурӯ рафта буд.
Зеб, сарро аз даст нагузошта, дуру дароз бо меҳру муҳаббат ба чеҳраи ҳалокгардида нигарист.
— Худоё худовандӣ! — оқибат хитоб намуд шикорчӣ.— Ба падару хоҳараш тӯҳфа нею ачал мешавад! Шояд кирои бурдан накунад. Ӯро дар ҳамин ҷо гӯронида ба касе даҳан кушодан лозим нест... Не, ин кори намешудагӣ. Ман чиҳо мегӯям? Агар ин далел набошад ҳам, аммо дар фаҳмидани баъзе чизҳо ёрдам мекунад. Агар ӯро дар суд нишон диҳем, аҷиб як шоҳид мешавад!
Зеб инро гуфту кампали кӯҳнаро кушода, сарро ҳамроҳи кулоҳ эҳтиёткорона ба он печонид.
Баъд ин буғчаи аҷибро ба қоши зин овехт ва ба модиёнаш савор шуда ғарқи фикру хаёл аз беша баромад.
Боби LXXXIII
ОМАДАНИ ЮРИСТҲО
Дар рӯзи сеюми ба маҳбаси ҳарбӣ афтидани Морис Жералд, вараҷааш гузашт ва аз олой гуфтан монд. Рӯзи чорум қариб сиҳат шуда буд. Рӯзи панҷум тафтиши судӣ таъин карда шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор