Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

пас аз ним мил роҳ тай намудан ба ӯ муяссар гардид, ки боз масофаро кӯтоҳ кунад.

Ӯ ба ҷон шинос — аз ҳад зиёд нағз шинос! — ҷое ки хун рехта шуда буд, наздик шуд.

Дар ҳар як вазъияти дигар ӯ кӯшиш мекард, ки он ҷоро давр зада гузарад, вале акнун ӯ тамоман ғарқи як фикр буд, ки диққати ӯро аз ёддошт ба дигар тараф ҷалб менамуд ва дар назди оянда бо тарсу ҳароси беилтифотона саршор мекард. Фақат дастгир карда шудани савораи бадхайбат ба ӯ сабру қарор мебахшид — дар он сурат хатареро, ки ба дили ӯ воҳима меандохт, бартараф кардан мумкин буд.

Колхаун ба савораи бесар расида гирифт. Сӯрохҳои бинии мустанги булӯл қариб ба думи турук мерасиданд. Колхаун милтикро дар дасти чап аллакай тайёр нигоҳ медошт ва ангушти дасти росташ дар рӯи куланг мехобид. Барои холии кардани тир ҷои қулай интихоб мекард.

Боз як лаҳза мегузашт, тир аспи пеш-пеш тозандаро сӯрох мекард, аммо турук гӯё хатарро ҳис карда, чолокона чапғалат дод ва ба тумшуқи мустанги таъқибкунанда лагаде фуроварду шиҳои гӯшкаркунандаи бадҳашмонае кашида ба самти дигар тохт.

Аспаш барин дақиқае Колхаун саргаранг шуд. То даме ки зарби маҳмез аз нав ба чорхез давидан ӯро маҷбур насохт, аспи булӯл дар ҷояш истода пеш рафтан намехост.

Акнун Колхаун аспашро аз пештара дида, тезтар меронд. Вале аспи турук акнун аз пайраҳа намедавид, балки аз нав ба сӯи паттазор равон шуд — дунболгирӣ боз бемуваффақият анҷомиданаш мумкин буд. Колхаун то ҳол ба чобукии аспаш умед мебаст. Ӯ пешбинӣ карда натавонист, ки кор чунин сурат мегирад; ӯ аз маҳюсӣ боз даст ба милтиқ бурд.

Оноҳо дар ин байни аз канори паттазор медавиданд ва шоҳҳои сабз аз нисф зиёди савораи бесарро мепӯшиданд. Фақат сагрии асп менамуд; таъқибкунанда ба он нишон гирифт.

Абрпораи дуд аз мили милтиқ баромад; дар айни замон садои тир баланд гардид ва чизи тираранг, мисли ин ки аз дуд баромада бошад, гупӣ ба замин афтид.

Он аз ҷо ҷаст, рӯ-рӯи замин ғелид ва дар назди пои аспи Колхаун қарор гирифт. Қарор гирифт, вале мисли ғиргираке, ки аз чарх задан бозмемонад, алвонҷ хӯрдан гирифт.

Мустанги булӯл фириққос зада, пуштинок рафт. Савора аз даҳшат фарёд зад.

Ва ин бесабаб набуд: дар рӯи алаф сари одам мехобид;

пешина
аз 509
навбатӣ