Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

ки ӯ якумин шуда аз инҷо мегузарад. Вале Зеб Стумп пайшиноси пуртаҷрибае буд: ӯ қадам ба қадам медонист, ки дар куҷо аз нав изро дар рӯи замини басе нам ва мулоим мебинад.
Мабодо агар шикорчии пир изро гум мекард, пас аз қаҷу килеб роҳ рафтан зуд онро меёфт.
Агарчи бо эҳтиёт бошад ҳам, шикорчӣ дилпурона ба плантацияи Пойиндекстер наздик мешуд. Бар болои нӯғи дарахтони акоқиё девори дандонодори асотея намудор шуд: ва ногаҳон ӯ дар роҳ ким-чиро дида, дарҳол рафторашро тағйир дод: ба ҷои он ки ӯ дар болои модиёнаш нишастан гирад, ҷаста аз зин фуромад, лачомро ба гардани асп партофт ва ӯро давр зада, ба изи пиёда равон шуд.
Модиён наистода, итоаткорона ба дунболи ӯ равон шуд, ва гӯё вай ба ингуна инҷиқиҳои ногаҳонии соҳибаш одат карда буд.
Барои каси бетаҷриба муайян намудан душвор буд, ки ба Зеб чӣ лозим шуд, ки якбора аз асп фурояд. Ин дар ҳамон ҷое рӯй дод, ки гӯё на одам ба он ҷо қадам гузошта буд, на ҳайвон. Вақте, ки Зеб ҷаста аз зин фуромад, танҳо аз суханони вай чӣ будани гапро фаҳмидан мумкин буд.
— Изи вай ба хона баргаштааст, — бо оҳанги пасти маҳзун гуфт ӯ ва оҳиста-оҳиста ба из равон шуд.
Ба зудӣ из ӯро ба беша овард ва баъди чанд дақиқа маҷбур сохт, ки яку якбора дар ҷояш истад, гӯё буттаҳои хордор ҳам барои вай, ҳам барои аспаш сади роҳ гардиданд.
Аммо ин тавр набуд. Пештара барин роҳи вай кушода — ҳатто аз пештара ҳам кушодатар буд. Маҳз ҳамин из ӯро ба истодан маҷбур сохт.
Дар пеши вай пастхамие воқеъ гардида, дар он маҷрои дарёчаи қариб хушкида намудор буд — фақат гоҳ-ҷо-ҷо кулмакҳои на чандон калон боқӣ монда буданд. Аз лои маҷро одаме аспро этал карда гузашта рафта буд.
Дар рафтори асп ягон аҷобат дида намешуд, — фақат аз паси соҳиби даршитобаш рафта буду бас.
Вале одам чӣ кор мекардааст? Гашту рафтори вай номуайян буд ва тамошобини бегонаро дар ҳайрат мемонд.
Аммо Зеб Стумп дар тааҷҷуб намонд — монда бошад ҳам, ба ҳар ҳол ин ҳолат аз як сония зиёд давом накард.
Ӯ қариб дарҳол нияти он шахсро фаҳмид ва ғур-ғур кард:
— Изи наъли шикастаро кӯр кардаӣ шудааст ё мақсадаш ҳамин! Фонда надорад, мистер Колхаун, тамоман фонда надорад! Ба ҷояш шумо изи пойи худро гузоштаед. Маро фириб намедиҳӣ. Ман бо онҳо то худи ҷаҳаннам ҳам бошад, меравам!

пешина
аз 509
навбатӣ