Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
Гӯянда баробари гуфтани ин суханон лаҷоми аспро кашид. Барои нағзтар дидан ба пеш ҳам шуд ва бодиққат ба савораи аҷиб, ки оҳиста-оҳиста аз гирди булутзор мегузашт, нигоҳ карда монд.
— Бешубҳа, ин аспи вай. Зин серапеи ӯ — ҳама чизаш азонии ӯ. Онҳо чӣ тавр ба дасти каси дигар афтида монданд, ҳеҷ намефаҳмам?
Пас аз якчанд дақиқа хомӯш истодан ӯ аз нав гап сар кард:
— Найранг аст ё не, вале кор чаток. Ҳар касе ки инро ташкил кардааст, ҳама он чиро ки ҳамон шаб рӯй дода буд, бояд донад. Агар тир дар баданаш монда бошад, онро гирифтан лозим. Ман чӣ тавр аблаҳ будам, ки бо ин худситоӣ кардам! Толен ману толен одами бахтбаргашта як... Не, асп дигар наздик намеояд. Маълум ки аз беша метарсад. Ҳамаи мустангҳо дар ҷои кушод худро дилпуртар ҳис мекунанд. Чӣ бояд кард? Шояд, овози одам ба гӯши асп форад? Агар ба масофаи бист ярд наздик меомад, ба ҳар ҳол ҳамаш дуруст мешуд. Чин занад, имтиҳон карда мебинам...
Ӯ ба канори беша наздиктар рафта, аспро чеғ задан гирифт:
— Маҳ ҷонвар! Маҳ ҷонвари бовафо!
Аз ин мурод ҳосил нашуд — асп на фақат наздик наомад, балки баръакс, тарсид; баробари шунидани овоз, алафро аз даҳон афтонд, сар афшонд ва ҳаросон фирикқос зад; ба назар чунин менамуд, ки вай аз койот ё каргасон дида, аз ин овоз бештар метарсад.
Охир ӯ мустанг буд ва барои вай одам — хусусан одами аспсавор — қаттолтарин душман буд; ва акнун ӯ наздик будани ин душманро ҳис карда буд.
Ӯ наистод, ки чӣ гуна будани ин одам ва чӣ гуна будани аспро дурустакак бубинад. Барои вай онҳо душман буданду халос.
Зоҳиран, савора низ ҳамин тавр фикр мекард, чунки вай лаҷомро накашид ва ӯро нигоҳ надошт; ӯ, ки ба ихтиёри худ гузошта шуда буд, тозон роҳи даштро пеш гирифт.
Таъқибкунандаи бетолеъ ҳакорати қабеҳе доду аз булутзор баромад.
Чун дид, ки тири холӣ кардааш ба нишон нарасид ва савораи бесар аллакай аз ӯ хеле дур рафтааст, аз нав ҳақорат дод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор