Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
медоданд: сандӯкчаи зебои чармин, милтиқи думила, чоми нуқрагини кандакорӣ, шоҳи шикорӣ ва хуштаки нуқрагин.
Дар рӯи кулба якчанд асбоби ошпазӣ меистод, ки аксарияти онҳо тунукагин буданд; дар кунҷ шишаи калоне дар сабади химчаи бед меистод, ки нӯшокии даруни он аз оби дарёи Аламо дида серкайфтар буд.
Дигар тамоми асбобу ускунаи боқимонда дар ин ҷо басе ба мавқеъ муносиб буданд: зини мексикоии қошаш баланд, лаҷом ва нухтаи силбурӣ, ду ё се серапе, якчанд тӯбча тасмаи чармаш хом.
Манзили мустангер, сохти даруни он ва, ба ҷуз ду бошандан он, ҳар чӣ ки дар он буд, ана ҳамин буд.
Дар миёнаҳои хона дар рӯи яке аз чорпояҳо шахсе менишаст, ки ҳеҷ мустангер буданаш мумкин набуд. Ӯ ба соҳибхона ҳеҷ монандӣ надошт. Баръакс, бо тамоми симои зоҳириаш — аз кӯпӯфан ботавозун мукаррариаш — бехато гуфтан мумкин буд, ки ӯ хизматгор аст.
Вале сару либосаш асло ба сару либоси камбағалон монанд набуд ва бинанда ӯро гурусна ё умуман бенаво намепиндошт. Вай як марди фарбеҳчусса буда, мӯи анбӯҳи сурх ва рӯи сурх дошт; матои сару танаш дағал — нисф маҳмали ресмонӣ, нисф пилтабахмал буд. Шалвор ва соқпӯшҳояш аз маҳмали ресмонӣ буд; аз пилтабахмали як вақтҳо сабзи баланд, ки ким-кайҳо рангаш парида, акнун қариб чигарӣ шуда буд — камзӯли шикорчигӣ дошта, кисаҳои сари синааш калон-калон буданд. Агар куртаи аз сӯфии дағал дӯхтаашро бо рӯймоли сурхи бепарвоёна ба гардан бастааш ва попушҳои ирландиашро зикр накунем, кулоҳи фетри лапарвасен овезон анҷоми сару либоси ин одам буд.
На фақат попуши ирландӣ ва шалвори маҳмали ресмониаш кадом миллат буданашро нишон медод. Лабон, бинӣ, чашмон, тамоми намуди зоҳириаш ва тарзи рафтораш аз он гувоҳӣ медоданд, ки ӯ ирландӣ мебошад.
Агар ягон кас шубҳа карда мемонд, баробари лаб ба гуфтор кушодани марди фарбеҳ, ки гоҳ-гоҳ ҳамин тавр ҳам мекард, ин шубҳа барҳам мехӯрд — бо ин лаҳҷа фақат дар графии Голуйгӣ гап мезаданд. Фикр кардан мумкин буд, ки марди ирландӣ худ ба худ гап мезанад, чунки дар кулба, ба ҷуз вай, гӯё дигар касе набуд. Аммо ин тавр не. Дар рӯи пӯстаки асп, дар назди оташдони дуд карда истода саги калоне фукашро ба рӯи хокистар гузошта мехобид. Ба назар чунин менамуд, ки ӯ забони ҳамсӯҳбаташро медонад. Ҳар чӣ набошад, одам ба ӯ муроҷиат

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё