Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
интихоб карда нашуда буд. Онро фақат аз тарафи дарё ва он ҳам танҳо дар сурати дар рӯ ба рӯяш истодан дидан мумкин буд. Сохти оддии кулба ва ранги паридаи деворҳояш онро боз ҳам назарногиртар мекарданд.
Хонача баробари ҳайман калон буд. Агар дудбарои оташдони начандон калонеро, ки дар назди яке аз деворҳо сохта шуда буд, ба назар нагирем, кулба ба ғайр аз дар дигар ягон сӯрохӣ надошт. Ба рӯи чорчӯбаи дар пӯсти асп кашида шуда, ба ҳалқаҳои аз ҳамин гуна пӯст сохта овехта шуда буд.
Дар паси кулба шипанг воқеъ гардида, шаш сутун дошт ва бомаш бо баргҳои юкқа пӯшида шуда буд; ҳисори начандон калони атрофи шипанг аз ходаҳои кундаланг гузошта иборат буда, нӯги ходаҳо ба танаи дарахтони ҳамсоя баста шуда буданд.
Атрофи як қитъаи беша, ки тахмин ба як акр баробар меомад ва дар байни кулбаю соҳили ростфуромадан дарё воқеъ гардида буд, ҳамин гуна ҳисор гирифта шуда буд. Замини он ҷо аз изн бешумори суми аспон ало-було ва дар баъзе ҷойҳо лагадкӯб карда шуда буд; ба осонӣ пай бурдан мумкин буд, ки ин корали кура барои асрони ваҳшӣ-мустангҳо мебошад.
Ҳақиқатан, дар даруни ин кура тахмин даҳ асп буд. Чашмони ваҳшиёнаи пурҳарос ва ҳаракатҳои пурҳаяҷони онҳо шакку шубҳаҳо аз байн мебурданд, ки аспон нав дастгир карда шудаанд ва аз сар гузаронидани асирӣ бароишон чандон кори осон нест.
Ороиши кулба аз баъзе василаҳои зебоӣ ва рафоҳат маҳрум набуд. Деворҳои онро гилеми яклухт аз пӯсти мулоими боҳашамати мустангҳо ороиш медод. Пӯстон сиёҳмушкин, турук, аблак ва сап-сафед буданд, ки ба чашм мефориданд: дида мешуд, ки онҳоро одами босалиқа интихоб кардааст.
Мебели он бағоят оддӣ буд: як кат, як-ду хараки ба рӯяшон пӯсти асп кашидагӣ, ду чорпояи дастисохт ва столи оддине меистод, ки аз пояҳои юқа сохта шуда буд — буду шуди ҷиҳози кулба аз ҳамин иборат буд. Дар кунчак монанд ба бистари дуюм чизе намудор буд — он чиз аз пӯсти асп дуруст карда шуда буд.
Дар ин кулбаи оддӣ рафу китобҳои он, сиёҳидон, коғази хатнависӣ ва газетаҳои рӯи стол тамоман ғайричашмдошт буданд.
Дар ин ҷо боз ашёҳои дигаре низ буданд, ки на фақат олами тамаддунро ба ёд меоварданд, аммо аз завқи латиф шаходат

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё