Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
баъд қадам партофта меравад ва оқибат дар нимаи роҳ меистад.
Зоҳиран, савора, қасду нияти худро тағйир дод ё барои он истод, ки нақшаи худро ҳартарафа фикр карда барояд. Исидора андеша меронад.
— «Шояд, нағзаш ба ӯ даст кофтан лозим нест. Ин боиси ҷанҷол мегардад. Ҳоло ҳеҷ кас хабар надорад ки... ба замми он ман ягона шоҳид мебошам. Эҳ, агар ман доир ба ҳамаш ба теласиҳои мӯҳтарам нақл карда метавонистам, фақат як гувоҳии ман барои бераҳмона ҷазо додани вай кифоя буд! Вале бигузор зиндагӣ кунад. Ӯ манхус аст, аммо ман аз вай наметарсам. Пас аз ин воқеаи шудагӣ ӯ ҷуръати ба ман наздик омадан намекунад! Модархудои куддуса! Ва чӣ тавр ман тавонистам, ки ақаллан дақиқае ба ӯ ошиқ шавам!.. Ягон касро фиристодан лозим, ки дастонашро кушояд. Одамеро, ки сирри маро пинҳон дорад. Бенитои мудирро. Ӯ одами диловар ва содиқ аст. Худоро шукр, ана вай! Ҳарвақта барни мол мешуморад.
— Бенито! Бенито!
— Лаббай, сеҳорита.
— Бенито, дӯстам, як илтифот кун. Ту ёрӣатро аз ман дареғ намедорӣ, ҳамту не?
— Ба чашм,— ҷавоб медиҳад марди мексикой ва чорқад шуда таъзим мекунад.
— Ин супориш не: ман хоҳиш мекунам як ёрӣ деҳ,
— Фармоед, сеҳорита.
— Дар болои тал ҳамон ҷоеро, ки се роҳ як мешавад, медонӣ?
— Қорали асиендан амаки шуморо медонистагӣ барин нағз медонам.
— Бисёр хуб. Ба ҳамон ҷо рав. Дар он ҷо одамеро меёбӣ, ки дастонаш бо лассо баста шудаанд. Лассоро кушо ва бигузор ба куҷо ки хоҳад, рафтан гирад. Агар ягон ҷояш манъ шуда бошад, ҳар чӣ аз дастат ояд, ёрӣ расон. Лекин нагӯӣ ки кӣ туро фиристодааст. Шояд, ӯро шиносӣ? Ту ӯро мешиносӣ, аммо ин аҳамият надорад. Ӯро пурсуқов карда наист. Ва агар бо мақсади фаҳмидан аз ту ягон чиз пурсад, ба саволҳояш ҷавоб надеҳ. Ҳамин ки аз ҷой хест, ба куҷое ки хоҳад, дафъ шуда рафтан гирад. Гапамро фаҳмидӣ?
— Оре, сеҳорита. Супоришоти шумо як ба як иҷро карда мешаванд.
— Ташаккур, дӯстам Бенито. Боз як илтимос: он чӣ ки ба хотири ман иҷро мекунӣ, ба ғайр аз се кас дигар ҳеҷ кас набояд

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор