Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

гирифта раванд. Дигарон ҳамроҳи драгунҳо ба қалъа равон шуданд.
Майор пеш аз он, ки бо Пойиндекстер ва дӯстони ӯ хайрухуш кунад, доир ба кашфиётҳои ғамангезе, ки Спенглер карда буд, бо онҳо нақл карда дод. Худи вай дигар дар кофтуков иштирок карда наметавонист ва чунин мешумурд, ки касоне ки онро давом медиҳанд, чи гуна муҳим будани ин вазъиятро бояд донанд.
Дар ҳаққи ҷавони ирландӣ, ки худаш нисбат ба вай ҳисси таваҷҷӯҳ дошт, гумону шубҳа ба амал овардан бароиш ногувор бошад ҳам, аммо вазифа муқаддастар аз ҳама чиз буд. Ва агарчи майор ба гуноҳкор будани Морис-мустангер бовар намекард — аниқтараш онро дур аз эҳтимол шумурад ҳам, дар айни ҳол ӯ ноилоҷ буд иқрор шавад, ки ба муқобили Морис далелҳои ҷиддӣ ҳаст.
Вале плантатор ва дӯстони ӯ ба бегуноҳ будани мустангер шубҳа мекарданд. Акнун вақте маълум гашт, ки ҳиндуҳо ба ин ҳеҷ дахл надоранд, Морис Жералд бо овози баланд қотил эълон карда шуд.
Ба рӯй додани амали қатл ҳеҷ кас шубҳа намекард. Ҳикояти Обердофер саршавии фоҷиаро тафсир мекард. Аспи Генри Пойиндекстер бо зини хунолуд шоҳиди оқибати он буд. Ҷузъҳои мобайни қисман дар асоси бозёфтҳои Спенглер, қисман аз рӯи фарзу тахмин бе ҳеҷ заҳмат барқарор карда шуданд.
Вале ҳеҷ кас ба таври ҷиддӣ фикр накард, ки кадом чиз мустангерро ба ин ҷиноят тела дод. Муноқишааш бо Колхаун ба ҳама сабаби кофӣ менамуд. Зоҳиран, Жералд қасди ба Колхаун доштаи худро аз тамоми оилаи Пойиндекстерҳо гирифтани шуд.
Ин ғайримантиқ буд, вале одамоне, ки ҷинояткорро ҷустуҷӯ менамоянд, аҳён-аҳён мантиқан муҳокима меронанд. Онҳо танҳо дар бораи ҷазо додани ӯ фикр мекунанд.
Иштирокчиёни кофтуков ба ҳамин фикру хаёл аз ҳам ҷудо шуданд; онҳо мебоист пагоҳи рӯзи дигар аз нав вомехӯрданд ва ба пай равон шуда, ду каси гумгаштаро мурда ё зинда меёфтанд.

Онҳое, ки ҳамроҳи Спенглер монданд, дар ялангии майор интихоб кардагӣ, манзил гирифтанд.
Онҳо ҳамагӣ даҳ нафар буданд. Акнун ба отряде, ки аз ин дида пурқувваттар бошад, эҳтиёҷ набуд. Дар ин ҷойҳо дигар команчиҳоро нигарон набуданд. Дигар хавфу хатаре пешбинӣ

пешина
аз 509
навбатӣ