Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
вақт ба қаҳри абадият меравад ва боз як шаб бар рӯи замин фаро расид.
Садоҳо фақат аз берун шунида мешаванд. Вале ин садоҳои шинос — овозҳои шабонаи беша мебошанд: оби дарёи шилдиршилдир мекунанд, бод баргҳоро ба изтироб андохта пичир-пичир менамоянд, чирчирақҳо чир-чир мекунанд. Гоҳ-гоҳ фарёди ягон ҳайвони дарранда шунида мешавад...
Шаб нисф шуд, вале аз моҳи тобони навакак тулӯъкарда ҳама ҷо мисли рӯз равшан буд. Шуоъҳои нуқрафом, заминро мунаввар карда, ба ҷои аз ҳама сердарахти ҷангал мегузаранд ва дар миёни сояҳои сиёҳи дарахтон хати нур меафкананд.
Якчанд савора равшаниро монда, аз соя роҳ мепаимоянд.
Онҳо кам — ҳамагӣ чор нафаранд, вале қиёфаи онҳо ба дил ваҳм меандозад. Баданҳои сурхи урён, холкубиҳои бари рӯй, парҳои дурахшанда, ки ба сар халонида буданд, яроқҳои нурфишонии дастонашон — ҳамаи инҳо аз қувваи ваҳшиёна ва хатарнок шаҳодат медиҳанд.
Онҳо аз куҷо меомаданд?
Онҳо дар бар либоси ҳарбии команчигӣ доранд. Ба нақшу нигор, кулоҳ пари уқоб халонида, даст ва синаҳои урён, эзорҳои аз пӯсти оҳу дӯхта нигаред ва шумо дарҳол ҳинду будани онҳоро мешиносед, ки ба роҳзанӣ баромадаанд.
Онҳо, шояд, команчӣ бошанд: агар ҳамин тавр бошад, онҳо аз ғарб омадаанд.
Ба куҷо мераванд?
Ба ин савол ҷавоб додан ҳанӯз осон мебошад. Саворон ба кулбае мераванд, ки Фелим мисли мурда маст хобидааст. Зоҳиран, мақсади ҳуҷуми онҳо — ҳакалеи Морис Чералд мебошад.
Оё шубҳа кардан мумкин, ки мақсади онҳо хусуматомез мебошад! Бегумон онҳо сарулибоси ҷангӣ ба бар накардаанд ва ин гуна эҳтиёткорона дуздида наздик намешаванд.
Онҳо дуртар аз ҳакале ҷаста аз аспони худ мефуроянд, онҳоро ба дарахт мебанданд ва боқии роҳ пиёда мераванд.
Онҳо поида-поида пеш мераванд, кӯшиш мекунанд, ки барги дарахтон дар зери по хишир-хишир накунанд ва аз соя раванд: зуд-зуд меистанд, бо диққат ба торикӣ нигариста, гӯш меандозанд; сардор бо имову ишора фармон медиҳад. Аз ҳар ҷиҳат маълум, ки мехоҳанд аз чашми ононе, ки андаруни кулба мебошанд, рустӣ ба кулба наздик шаванд.
Ва, ба назар чунин менамояд, ки ин комилан ба онҳо муяссар

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо