Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
Агарчи Спенглер пайшиноси аввалиндараҷагӣ небошад ҳам, бо ин из чунон тез асп меронд, ки дигарон базӯр ба вай расида мерафтанд.
Ӯ изи кадом асп буданашро аллакай пай мебурд. Ӯ медо-нист, ки ин ҳамон мӯстанги дар таги сафедор истодагӣ мебо-шад, ки савори ӯ сигор мекашид, — ҳамон мустанге, ки изи чу-қури сумҳояш дар рӯи замини хуни одамро ҷаббидагӣ монда буданд.
Вақте ки пайшинос танҳо монд, изи аспи зоти америкоиро низ дида баромад. Вай фаҳмид ки ин из гашта ба дашт меба-рад, ки аз он ба ин ҷо омада буданд, ва шояд, баъд ба планта-цияҳои Леона бубарад.
Вале умедаш, гӯё, ба изи мустанг бештар буд ва Спенг-лер аз нав ба он машғул шуд; ин из метавонист ба пай бурдани асрори хунин мадад кунад ё, эҳтимол, ҳатто ба ошёни қотил бурда расонад.
Вале изи ҳамдигарро зер карда рафтани ҳар ду асп пайши-носро чи қадар дар ҳайрат мононда бошад, изи мустанг ӯро камтар ҳайрон насохт.
Из рост намерафт, чи тавре ки одатан савора аспро идора мекунад, он гоҳ печу тоб мехӯрд, гоҳ қаҷмақаҷ, гоҳ рост мерафт, гоҳ чарх мезад, мисли ин ки дар болои мустанг савора набуд ё савораро дар рӯи зин хоб бурда буд.
Изи аспе, ки ҷинояткор савори он буд ва пас аз навакак одамкушӣ ӯро чорхез давонда, шитоб менамуд ки пинҳон шавад, оё ҳамин хел шуданаш мумкин буд?
Спенглер ин тавр фикр намекард. Умуман вай намедонист, ки чи фикр кунад. Ӯ сару калобаашро тамоман гум карда буд ва ҳангоме ки майор хусусияти изро аз вай пурсид, ошкоро ҳаминпро гуфт.
Аммо он чи ки ба зудӣ ба чашмаш намудор гашт ва он чи ки дар айни замон ҳамаи мушояткунандагон диданд, на фа-қат ба кушодани сир мадад кард, балки баръакс, онро боз ҳам номафҳумтар гардонид.
Зиёда аз ин: фарзу тахмин ва фикру хаёл нохост ба даҳшат-е мубаддал гардид, ки ҳамаро ба як бор фаро гирифт. Ва ҳеҷ кас тасдиқ карда наметавонист, ки барои ҳамаи ин асос набуд.
Агар шумо савораеро, ки дилпурона бар болои асп нишаста, пойҳояшро ба ӯзангу гузаронида, ҷилавро сахт ба даст дошта-аст ва дар назари аввал мисли садҳо саворагони дигар буда, аммо дар сурати бодиққаттар нигаристан дар вай ким-чи гуна

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо