Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
бисёр медонад. Агар вай ба ин ҳақиқати даҳшатангез оҳиста-оҳиста биёяд, ғаму дардаш сабуктар мешавад. Ҳар он чӣ ки мо дидем, дар ин бора ба ӯ ҳеҷ чиз нагӯй. Ба ҳамон ҷои хун рехтагӣ баргарду изи гашта рафтагиро ҷустуҷӯ кун, ман бошам кӯшиш мекунам отрядро аз паси ту тавре бубарам, ки ҳеҷ кас ягон чизро набинад.
— Хуб шудааст, майор,— гуфт пайшинос. — Зоҳиран, ман пай мебарам, ки из ба қафо ба куҷо мебарад. Барои ин кор ба ман даҳ дақиқа вақт диҳед ва бо ишораи ман ба роҳ дароед.
Спенглер инро гуфта, ба ҷои ки кӯлмаки хун воқеъ буд, гашта рафт. Дар он ҷо баъди рӯякӣ аз назар гузаронидан ӯ сари аспро ба пайраҳаи паҳлӯӣ гардонд.
Дар вақти таъиншуда садои баланди хуштаккашии ӯ шунида шуд. Аз рӯи овоз, пайшинос қариб як мил дур рафта буд ва акнун аз ҷои ҷинояти даҳшатангез анча дар канор меистод.
Майор, ки аллакай ба назди отряди худ баргашта буд, овози сигналро шунида фармони рафтан дод. Ӯ аз паҳлуи пирамард Пойндексер ва якчанд плантатори давлатманди дигар роҳ мерафт, вале аз кашфи пурасрори пайшинос ягон касро огоҳ накард.
Боби XL
ТИРИ НИШОНАДОР
Отряд пеш аз он ки ба разведкачӣ расида гирад, воқеаи на чандон калоне рӯй дод. Майор одамонашро ба пайраҳа не, балки рост аз байни беша гузаронда бурд. Ин роҳ қасдан интихоб карда нашуда буд: майор падарро аз дарду алами зиёдатӣ эмин доштанӣ шуда, мехост халал расонад, ки хунро, чӣ тавре ки пайшинос тахмин мекард, хуни писари худашро набинад. Ҷои даҳшатангез чет монд; ғайр аз майору пайшинос дигар ҳеҷ кас дар бораи кашфи ғамангез чизе намедонист ва отряд хушбахтона ҳеҷ чизро нафаҳмида бапеш ҳаракат кард.
Онҳо аз пайраҳаи борики даррандагард ба зӯр гузашта мерафтанд, бинобар ҳамин гумон буд, ки ду савора паҳлӯ ба паҳлӯ рафта метавонистанд; пайраҳа ҷо-ҷо васеъ шуда ялангиро ташкил медод, вале баъд аз якчанд ярд танг шуда, ба даруни паттазор медаромад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо