Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

дар интизори бӯсаи обдори аввалин шуоъҳои офтоб мебошанд. Тамоми мавҷудоти зинда аз нав офтобро ситоиш мекунад.

Духтаре, ки дар болои боми иморати Каса-дель-Корво пайдо шуд, мисли паррандагони болафшони бешазорони Техас зебо ва мисли гулҳои шукуфони водиҳои он нозук буд.

Вақте ки креолдухтари ҷавон ба пардаи гулобиранг, ки аз паси он курсии тиллоранги офтоб оҳиста-оҳиста баланд мешуд, истода менигарист, дар гумон ки худи Аврора аз бистари ноз сар бардошта истода ба ҳамин сон тару тоза буд.

Ӯ дар тарафи шарқии асотея меистод; дасташ ба рӯи девори сангӣ, ки ҳанӯз аз шабнам тар буд, мехобид. Дар пеши назари ӯ дар ҳамгашти дарё боғе воқеъ гардида, бар болои он нишебби соҳили муқобил намудор буд ва дур аз он дашт васеъ домани паҳн карда буд.

Оё ӯ ба манзараи зебои дилнишие, ки аз тамошояш лаззат набурдан мумкин набуд, менигарист? Не.

Креолдухтар ҳатто тулӯи офтобро намедид, агарчи ба назар чунин менамуд, ки ӯ, мисли бутпараст ба он ибодат мекунад.

Оё ӯ ба чаҳ-чаҳу нағмасароии мурғакҳои ҳаво, ки дар болои боғ ва беша танпандоз мешуданд, гӯш мекард?

Не, вай на садоеро мешунид ва на ягон чизро медид. Нигоҳаш парешон буд ва фикру хаёлаш дур парвоз карда мегашт.

Ба назар чунин менамуд, ки на пагоҳии офтобӣ, на хониши паррандагон ӯро хурсанд мекарданд — ғаму андӯҳ ба чеҳраи зебо соя афканда буд.

Худаш танҳо буд ва касе ғаму андӯҳи ӯро намедид ва напурсид, ки чӣ боиси он гардидааст.

Пичирросе, ки беихтиёр аз даҳонаш баромад, сирри ӯро ошкор кард:

— Шояд, ҷароҳаташ вазнин бошад? Шояд, марговар бошад?

Ӯ дар хусуси кӣ бо чунин ҳаяҷон гап мезад?

Дар хусуси шахсе, ки тамоман наздик дар поён дар яке аз ҳуҷраҳои аспенда мехобид — дар хусуси аммабачааш Кассий Колхаун гап мезад?

Дар гумон, ки ин ҳамин тавр буд. Ҳанӯз як рӯз пеш духтур гуфт, ки бемор рӯ ба беҳбудӣ овардааст ва ҷонаш аз хатар раҳид. Ва агар касе ҳамоно бо овози маҳзун худ ба худ гапзании ӯро мешунид, боварӣ ҳосил мекард, ки ӯ дар хусуси каси дигар гап мезанад.

— Ман ҳатто касеро ба назди вай фиристода наметавонам. Ман ба ҳеҷ кас бовар намекунам. Вай ҳозир дар куҷо бошад?

пешина
аз 509
навбатӣ