Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
бо запозанӣ ва арбадаҷӯиҳои доимии худ аҳолии осоиштаро ба танг меоварданд. Дар даштҳои беодам бо онҳо вохӯрдан, аксар вақт хатарнок буд. Дар таърихи Техас воқеаҳое ёдоварӣ карда мешаванд, ки гурӯҳи мустангерҳо муваққатан ба дастаи роҳзанон табдил меёфтанд; онҳо сару либоси дигар пӯшида ва грим карда, худро ба шакли ҳиндуҳо медароварданд ва аксар вақт мусофиронро ғорат мекарданд.
Кассий Колхаун яке аз ҳамин гуна каллабуронро ба хотир овард. Ӯ ба хотир овард, ки чандин маротиба дар бари меҳмонхона бо вай вохӯрдааст ва ҳамон бегоҳӣ дар дуэл ҷангиданаш ӯро дида буд. Ин мустангер яке аз касоне буд, ки ӯро бо замбаргалтак ба хонаашон оварда буд. Иловаан ба хотираш омад, ки марди мексикой бо чӣ гуна қаҳру ғазаб дар ҳаққи Морис Джералд гап мезад.
Баъд Колхаун фаҳмид, ки марди мексикой, қариб худаш барин Морисро чашми дидан надорад.
Интихоби Колхаун дар сари ӯ қарор гирифт. Ӯ марди мексикоиро ба наздаш чег зад ва пас аз ин тез-тез дар ҳуҷрааш дарро маҳкам карда бо ӯ гуфтугӯ менамуд.
Атрофиёнаш аз ҳеҷ чиз гумонбар намешуданд. Зимнан, Колхаун дар ин масъала парво намекард. Шиноси вай асп ва ҳайвони шохдор мефурӯхт, бинобар ҳамин дар байни онҳо доду гирифт шуданаш мумкин буд. Ба чунин маънӣ шарҳ додан комилан табиӣ менамуд. Ҳатто худи марди мексикой аввало маҳз ҳамин тавр фикр мекард, зеро ҳангоми чанд бори аввал вохӯрданашон гуфтугӯ марбут ба кор буд. Кассиуни маккор касду нияти худро ба шахси на чандон ошно ошкор кардан намехост. Ва фақат пас аз як доду гирифти барои марди мексикой хеле фоиданок, дар аснои майнӯшӣ, Колхаун бо эҳтиёт пурсида фаҳмидани шуд, ки муносибати мексикой бо Морис-мустангер чӣ хел аст.
Сӯҳбати капитани мустаъфӣ ӯро бовар кунонд, ки ба ин одам умед баста метавонад ва ҳар хизмате, ки ӯ фармояд, ҳатто одамкушӣ бошад ҳам, марди мексикой иҷро мекунад.
Мексикой кинаю адоватеро, ки нисбат ба мустангери ҷавон дошт, пинҳон накард. Ва, агарчӣ ӯ доир ба сабаби ин кинаю адоват ягон чизи муайян нагуфта бошад ҳам, Кассий Колхаун аз рӯи баъзе ишораҳо сарфаҳм рафт, ки сабаби бадбинии ҳардуи онҳо як аст — он чи ки аз қадимулайём, аз замони Троя, боиси низои мардон гардида омадааст: зан!
Дар айни ҳол Еленаи соҳибҷамол як сеҳоритан чашму абрӯсиёҳ аз соҳили Рио-Гранде будааст, ки Морис сари ҳар чанд

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо