Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
— Мистер Чералд, пас чаро худи ҳозир ба тарафи муқобил асп монда наравем?
— Ҳозир фоида надорад. Дар пеш ҳамворӣ воқеъ гардидааст ва ҷои руст мешудагӣ нест. То як масофаи муайян роҳ тай кардани мо онҳо ба он ҷо рафта мерасанд ва дере нагузашта моро даръёб мекунанд. Ҷое, ки мо бояд равем — ягона ҷои бехатаре ки ба хотирам оварда метавонам, — дар дигар тараф воқеъ гардидааст... Аз рӯи овозҳо, онҳо ҳозир роҳи моро ба он сӯ буридаанд. Агар мо пештар ба роҳ бароем, бо онҳо дучор мешавем. Камтар сабр карда, баъд илоҷе намуда ноаён аз ақиби онҳо гузашта рафтан лозим. Агар ин ба мо муяссар гардад ва агар дар масофаи ду миль ба мо расида гирифта натавонанд, он гоҳ ба ҷое мерасем, ки дар бехатарӣ аз девораи атрофи Каса-дель-Корво монданӣ надорад. Боварӣ доред, ки мустангҳотонро саришта карда метавонед?
— Комилан, — зуд ҷавоб дод креолдухтар; дар рӯ ба рӯи хатар риёкорӣ фаромӯш карда шуд.
Боби XVI
ФИРОР АЗ МУСТАНГҲОИ ВАҲШӢ
Саворон ҳушёрона дар хонаҳои зин менишастанд. Луиза аз мустангер дида камтар ошуфта буд, чунки дилаш аз Морис пур шуда буд. Луиза комилан намефаҳмид, ки чӣ гуна хатар онҳоро таҳдид мекунад, аммо пай мебурд, ки модоме Морис Жералд барин одам ба таҳлука афтидааст, хатар хеле ҷиддӣ мебошад. Чуп фикр мекард, ки тарси ҷони вай қисман боиси ин ҳаяҷон гардидааст, дилаш аз хурсандӣ саршор мешуд.
— Акнун таваккал кунем ҳам мешавад, — боз як бори дигар гӯш карда гуфт Морис. — Онҳо гӯё он ялангиро, ки роҳи мо мегузарад, аллакай тай кардаанд. Илтимос мекунам, ҳушёр бошед! Дар зин мустаҳкам нишинед ва лаҷомро сахт доред.
Дар он ҷое, ки роҳ имкон медиҳад, баробари ман асп давопед ва ду-се қадам зиёд ақиб намонед. Барои нишон додани роҳ пеш-пеш рафтани ман лозим... Ана онҳо ба сӯи ялангии мо равон шуданд... Қариб ба канараш расиданд... Акнун рафтем!
Нохост дили хомӯшии томи даштҳо галогулаи ниҳоят сахт пора кард, ки гӯё он аз девонахонаи лаб ба лаб пури одам меомад. Шиҳакашии гӯшкаркупандаи айғирҳои ваҳшӣ фарёди васвосони арбадакорро ба ёд меовард, вале ин садоҳо чандин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё