Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

ӯро нигоҳ дошта метавонам. Ман ҳамин тавр ҳам кардам — охир шумо дидед, ҳамту не?

— Пештар ҳам ӯро нигоҳ дошта метавонистед?

Тахмини ногаҳонии боиси ин савол гардид ва мустангер бо ҳаяҷон мунтазири ҷавоб шуд.

— Шояд... Лаҷомро сахттар кашиданам кифоя буд... Аммо, мистер Чералд, иқрор шуданам лозим, ки ман, хусусан дар дашт, вақте ки хатари мург ё хукбачаи касеро зер кардан нест, бо суръати тамом давонидани аспро нағз мебинам.

Морис ҳайрон монда буд. Ватани вай бо занони ҷасур, ки ҳар хел аспи саркашро мутеъ карда метавонистанд, ном бароварда буд, аммо то ҳол ҳеҷ гоҳ чунин духтари ҷасур ва моҳирро вонахӯрда буд.

Тааҷҷуб, ки бо завқу завқ омехта гардида буд, намонд, ки дарҳол ҷавоб диҳад.

— Рости гап, — бо оддигии мафтункунанда ба гап давом намуд духтар, — ман ягон қадар афсус нахӯрдам, ки асп маро гирифта ба ин сӯ гурехт. Гапҳои беҳуда ва хушомадгӯиҳои аз ҳад бисьёр ҳар касеро ки набошад, монда мекунанд. Ман хостам аз ҳавои тоза нафас гирам ва худам танҳо бошам. Бинобар ҳамин, мистер Чералд, ин муддаои табъ буд.

— Шумо мехостед танҳо бошед? — бо қиёфаи маъюс пурсид мустангер. — Бубахшед, ки ман ба хилватгузинии шумо халал расонидам. Ба гапам бовар кунед, мисс Поиндекстер, ман аз паси шумо фақат барои ҳамин омадам, ки ба фикрам, шуморо хатар таҳдид мекард.

— Лутфи шумо зиёд, сэр. Чи тавре ки акнун фаҳмидам, дар ҳақиқат хатар буд, ман сидқан аз шумо миннатдорам. Шумо охир ҳиндуҳоро дар назар доштед?

— Не, ман, рости гап, дар бораи ҳиндуҳо фикр намекардам.

— Ягон хатари дигар? Лутфан, гӯед, ки чи хел хатар ва ман миибаъд зиёдтар эҳтиёт шавам.

Морис дарҳол ҷавоб надод. Ӯ гӯё саволи ҳамсӯҳбаташро нашунида бошад, садои ногаҳонии ӯро маҷбур сохт, ки баргашта ба ақиб нигарад.

Креолдухтар фаҳмид, ки диққати мустангерро дигар чиз ба худ ҷалб намудааст ва ӯ низ гӯш андохт. Якчанд маротиба садои гӯшкаркунандаи шиҳакашӣ ба гӯшаш расид ва баъд гумбур-гумбури суми асп шунида шуд... Садоҳо торафт баландтар гардида, ҳавои оромро меларзониданд.

Барои шикорчии аспон ин муаммо набуд ва суханоне, ки аз

пешина
аз 509
навбатӣ