Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

бинӣ кашонда бурдан ҳамон қадар осон аст, ки харро рондан». Минбаъд воқеа дар соҳили ҷазираи Кипр мегузарад. Туркҳо ба ҷазираи Кипр ҳуҷум мекунанд ва генерал Отелло бо ҷанговаронаш ба он ҷо фиристода мешавад. Генерал Дездемонаро низ бо худ оварда буд, бинобар ин баъди хотима ёфтани ҷанг низ чанд вақт дар Кипр мемонад. Дар ҳамин ҷо Яго ба амалӣ кардани нақшаҳои нангини худ шурӯъ мекунад. Ӯ аз содагӣ ва дилсофии Отелло истифода карда, нахуст Кассиюро дар чашми генерал бад мекунад, ба дараҷаи ки Отелло лейтенанташро «ту дигар дар хизмати ман нестӣ» гӯён аз кор пеш мекунад. Баъд Кассиюро водор мекунад, ки муносибаташро ба Дездемона наздик карда, ба воситаи ӯ аз генерал авф пурсад. Яго, аз як тараф, мулоқоти Кассиюро ба Дездемона таъмин мекунад ва, аз тарафи дигар, ин мулоқотро ба чашми Отелло намоиш дода, дар ботини генерал нисбат ба занаш шубҳа ва нобоварӣ ба вуҷуд меорад:

Отелло: Ин Кассио набуд, ки аз пеши занам рафт?

Яго: Кассио? Не, генерал. Ҳаргиз наметавонам бовар кунам, ки Кассио шуморо дида дузд барин гурезад.

Отелло: Ман яқин дорам, ки ӯ буд.

Акнун барои исботи «муносибати маҳрамонаи» Дездемона бо Кассио ҳуҷҷат лозим буд, ки Яго онро ҳам пайдо намуд. Отелло аз модараш рӯймолчаи пуркимате ба ёдгор дошт, ки онро ба ҳамсараш – Дездемона тӯҳфа карда буд. Вақте ки Дездемона шавҳарашро парешонхотир мебинад, рӯймолчаро аз дилсӯзӣ ба сари ӯ мебандад. Вале Отелло «рӯймолчаи ту хеле хурд аст» гӯён онро аз сараш мегирад ва рӯймолча ба замин меафтад. Рӯймолчаро зани Яго – Эмилия меёбад ва бо хоҳишҳои пайдарпайи шавҳараш онро ба ӯ медиҳад. Яго рӯймолчаро

пешина
аз 343
навбатӣ