Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

фарҳангии устод Айнӣ аз поёни қарни XIX пайваста ба вазъияти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии аморати Бухоро оғоз гардида, то солҳои 50-уми асри ХХ, ки давраи Иттиҳоди Шӯравӣ буд, идома ёфтааст. С. Айнӣ сардафтари адабиёти давраи нави тоҷик мебошад. Асарҳои гаронбаҳои устод Айнӣ ба зиёда аз сӣ забони халқҳои гуногуни дунё тарҷума ва чоп гардида, мавриди баҳрабардории хонандаи умумиҷаҳонӣ қарор гирифтаанд. Ин аст, ки 100-солагии зодрӯзи нависанда (1978) бо қарори ЮНЕСКО дар миқёси байналхалқӣ ҷашн гирифта шуд. Ин мисраъҳои Лоиқ ҳақиқати бебаҳсанд:

Пас аз хокистари хомӯш оташҳо фурӯзонди,
Шарарҳое басо аз сангҳои сард рӯёнди,
Сари гӯри ниёгон машъала афрӯхтӣ аз меҳр,
Аз ин рӯ ҳамчу машъал дар сари дасти замон мондӣ.

Солҳои 30-юм аз Иттиҳоди Шӯравӣ ва берун аз он адибони бисёре чун В. Шкловский, Б. Лапин, З. Хатеревин, В. Луговской, П. Лукнитский (рус), В. Мисик, Л. Первомайский (украин), К. Каладзе (гурҷӣ), Бруно Ясенский (лаҳистонӣ), Юлиус Фучик (чех) ба Тоҷикистон сафар карданд. Дар натиҷаи ин сафарҳо ба забонҳои гуногун чун “Нисо”, “Одам пӯсти худро дигар мекунад”, “Данғара”, “Ҳикояҳои Помир” чандин асари ҷолиб ба вуҷуд омад, ки дар баъзеи он нависандагони тоҷик ҳаммуаллиф буданд. Ҳамчунин, адибони тоҷик ба воситаи тарҷумаи асарҳои нависандагони хориҷӣ доираи назар, ҷаҳонбинӣ ва маҳорати нигорандагии худро такмил медоданд.

Дар доираи имконият дар бораи баъзе намояндагони ин давр ба хонандагони азиз маълумот пешниҳод мегардад.

пешина
аз 343
навбатӣ