Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
А.М.Горкий иҷрои вазифа намудааст. Дар ҳама анҷманҳои нависандагони Шӯравӣ дар паҳлӯи С.Айнӣ қарор дошт ва бахши шеъри тоҷикро аз минбарҳои расмӣ бештар ӯ муаррифӣ мекард. А.Лоҳутӣ ба М.Турсунзода, М.Миршакар, Б.Раҳимзода, А.Деҳотӣ, Ҳ.Юсуфӣ барин адибон дарси маҳорат омӯхт. Маҳз бо кӯшиши ӯ осори адибони тоҷик дар нашриёти Маскав бо чандин забон рӯйи чопро медид. Лоҳутӣ намунаҳои осори адибони тоҷикро ба дунёи форсизабон паҳн менамуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Ҳукумати Шӯравӣ ба устод Лоҳутӣ қадршиносиҳо намуда, вайро ба нишонҳои давлатӣ мушарраф гардондаанд.
Охирҳои ҳаёти устод Лоҳутӣ дар Маскав гузаштааст. 16 марти соли 1957 устод Лоҳутӣ вафот мекунад ва ҷасади шоирро дар қабристони «Новодевиче»-и Маскав ба хок месупоранд. Номи шоир дар қалбу рӯҳи мардуми форсизабон зиндаю ҷовид аст. Дар Тоҷикистон чандин мактабу кӯча, китобхонаву театр ва қарияву ноҳия ба номи Лоҳутӣ гузошта шудаанд. Чунон ки худ дар ғазали “Лавҳи мазор” гуфтааст:
Гардад кӯҳан замонаву хомӯш намешавад,
Он шӯълаҳо, ки ҷаста бурун аз даҳони ман.
Қабр аз барои ман чӣ зарур аст, чун бувад,
Дилҳои поки фаълаву деҳқон макони ман.
Мероси адабӣ. Аз Абулқосими Лоҳутӣ мероси адабии бой боқӣ мондааст, аз ҷумла, бо номҳои “Девони Абулқосими Лоҳутӣ” (1946), “Асарҳои мунтахаб” (1949), “Сурудҳои озодӣ ва сулҳ” (1954), “Нидоҳои зиндагӣ” (1956), “Девони Абулқосими Лоҳутӣ”(1957) ва “Гавҳари ишқ” (1958) чоп шудаанд. Осори мукаммали А. Лоҳутӣ дар Куллиёти шашҷилда (1960 - 1963) дастраси хонанда гардиданд. Дар Куллиёт шеърҳо, достонҳо, тарҷумаҳо ва мақолаю суханрониҳои адиб гирд омадаанд. Соли 2004

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё