Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
ва гоҳ дар Бағдод гуреза буд ва солҳои 1918 – 1921 низ барои шоир солҳои вазнинтарини маҳсуб меёфтанд. Дар ҳамин солҳо ӯ маҷаллаи “Прс”-ро таъсис медиҳад ва шеърҳои бисёре эҷод мекунад, ки бо номи ашъори истамбулӣ машҳуранд. Соли 1921 Лоҳутӣ Истамбулро тарк карда, ба душвориҳои зиёд саҳрои Арабистонро пиёда тай намуда ба ватан баргашт ва моҳи октябр ба Табрез омада, сарварии шӯришро ба ӯҳда гирифт, ки он дар таърих бо номи “Шӯриши Лоҳутихон” машҳур аст. Якуми феврали соли 1922 ҳукумати Табрез ба дасти инқилобчиён гузашт, вале баъди ёздаҳ рӯз он аз дасти қувваҳои ҳукуматии аз Теҳрон фиристода ба шикаст дучор шуд. Ҳукумат барои сари Лоҳутӣ мукофоти калон ваъда кард ва шоири озодихоҳ ҳамроҳи чанде аз ҳаммаслаконаш ба Иттиҳоди Шӯравӣ паноҳ бурд.
Тақдири минбаъдаи Абулқосими Лоҳутӣ ба Иттиҳоди Шӯравӣ ва, махсусан, Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваст мебошад. Шоир дар солҳои 1922- 1925 дар шаҳрҳои Нахҷувон, Тифлис, Боку, Маскав аввалҳо ба коргарӣ ва муаллимӣ шуғл варзида, баъд дар муассисаи Нашриёти марказии халқҳои Шарқ кор кардааст. Соли 1925, баъди он ки дар натиҷаи тақсимоти ҳудуди миллӣ дар Осиёи Миёна Ҷумҳурияти мухтори Тоҷикистон таъсис меёбад, Лоҳутӣ ба Тоҷикистон фиристода мешавад. “Чун шунидам, - қайд кардааст шоир, - кишваре ба номи Тоҷикистони советӣ ҳаст, ки дар он ҷо осори Фирдавсӣ ва Саъдиро халқ ҳамчун дар Эрони ман мехонад ва азиз медорад, аз партия хоҳиш намудам, маро ба он ҷо фиристад”.
Устод Лоҳутӣ баъд аз устод Айнӣ дувумин пояи фарҳанги тоҷик дар садаи XX буд, ки дар рушду камоли адабиёти давраи нави он саҳми муносиб гузошт. Вай чандин сол намояндаи Тоҷикистон дар назди Иттифоқи нависандагони Шӯравӣ буда, ба сифати яке аз муовинҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё