Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Қомати он ҳурзод аз ҷилвае
Чун қиёмат фитназоӣ мекунад.
Дардам аз белутфии ёр асту бас,
Хоҳад аз лутфе давое мекунад.
Айнии мискин ба ҳасби ҳоли худ
Байте аз Саъдӣ гадой мекунад:
«Ёри ман авбошу қаллош асту ринд,
Бар ман аммо порсой мекунад».

Булбул насозад ин қадар оҳу фиғон, ки ман,
Парвона ҳам зи ишқ насӯзад, чунон ки ман.
Маҷнун ба даҳр аз ғами Лайло нашуд чунон
Аз дардат, эй ситамгари номеҳрубон, ки ман.
Аз дасти дӯстии ту озурда ҷони ман,
Душман мабод ин ҳама озурдаҷон, ки ман.
Зеборухе надида касе, ҳамчунон ки ту,
Шайдодиле набуда чунин дар ҷаҳон, ки ман.
Гуфтам: Ба пеши ёр чу ман кист нотавон?
Мӯйи наҳиф ҷилва намуд аз миён, ки ман.
Дар пешвози дӯст, кӣ, гуфтам, бурун равад?
Аз иштиёқ ҷон ба лаб омад давон, ки ман.
Гуфтам: Ба гӯшаи ғами Айнӣ кӣ мерасид?
Аз айни лутф ёр бишуд меҳмон, ки ман!

ТАЗМИН БА ШЕЪРИ УРФИИ ШЕРОЗӢ БО
МАТЛАИ
«Тарсам, ки ман бимираму ғам бепадар шавад,
К-ин тифли нозпарвари ман дарбадар шавад».

Гар баҳравар шуда дилам аз ғам, шигифт нест,
Хӯ кард дил ба ҳар чӣ аз ӯ баҳравар шавад.
Маъюсиям бубин, ки баробар бувад маро
Дил аз замона гар нашавад шоду гар шавад.
Ҷорист ҷӯйи об зи чашмам, вале нашуд
Вақте ки наҳли матлаби ман борвар шавад.

пешина
аз 343
навбатӣ