Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
Орият - чизеро ба касе барои истифодаи муваққатӣ додан.
Ордени Сатторхон ба шарафи роҳбари ҳаракати озодихоҳии миллии Эрон таъсис ёфта буд.
Отил – бекормонда.
Оршин – масоҳати дарозӣ дар як қатор мамлакатҳо, ки баробари 72, 12 см аст. Дар Русия аз асри XVI роиҷ шудааст.
Оятуллоҳ – нишонаи Худо.
Пайкол – қитъаи замини корам.
Пари – симои афсонавии ба чашм нонамоён, ки хешрую зебо тасаввур мешавад; маъшуқаи зебо.
Падари ӯгай – падарандар.
Пидром – хушу хуррам.
Пиростан – қайчӣ задан, ороиш додан.
Питпилик — овози тақлидии бедона (парандаи кӯтоҳпарвози хушхони ҷангара).
Позарез — оҳангаре, ки олоти чӯянӣ барои сари омочи ҷуфтронӣ месозад.
Пойкор — пешхизмат, ходими гузар ё деҳа барои даъват кардани мардум ба тӯй, азо ва ғайра.
Пошохон – шоҳдухтар, духтари баландмартаба.
Рабеъ – баҳор.
Равоқ – айвон.
Равон – ҷон, рӯҳ.
Рамл — фолбинӣ, пешгӯй.
Рикеб – рикоб.
Риёкорӣ – дурӯягӣ ва покдомании зоҳирӣ.
Ротиб – устувор.
Руд – фарзанд.
Рӯян – як навъ растанӣ, ки аз вай ранги сурх тайёр мекунанд.
Рӯсиёҳ – гунаҳгор, шарманда, беобрӯ.
Рақоб – назорат.
Савлат – қудрат, ҳайбат.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор