Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
Моҳи гирифта – моҳе, ки нуқс дорад ва рӯшноиаш хира аст.
Музаҳҳаб – тилокоришуда.
Музмар – ниҳон.
Мулозим – навкар, хизматгор. Каси ҳамеша дар хизмат ҳозир.
Мурофиа – муҳокимаи даъво дар қозихона. Даъво ва суолу ҷавобе, ки дар маҳкама гузориш меёбад.
Муддаиалайҳ – ҷавобгар, касе, ки ба вай даъво карда мешавад.
Мударрис – дарсдиҳанда, муаллими мадраса.
Мукаддар – тира, ғуборолуд, ғамгин.
Муқотила – ҷанг ва кушокушӣ.
Мул – май.
Муҳаззаб – поккунанда, поккардашуда аз айбҳо.
Муҳаққар – ҳақир, ночиз, камарзиш.
Мурғи шабовез – мурғи Ҳақ.
Мурофиа – даъво ва ҷавобе, ки дар маҳкама гузориш меёбад.
Мусмир – мевадор, пурсамар.
Муштарӣ – ситораи хушбахтӣ.
Муҳит – дарё, уқёнус.
Мутаваллӣ – мутасаддии корҳои хоҷагии масҷиду мадрасаҳо.
Муфсид – табоҳкор, вайронкор, бадкор.
Муаззин – ба намоз даъваткунанда; азонгӯй, сӯфии масҷид.
Набт – гиёҳ.
Навол – баҳра, рӯзӣ.
Накисо – яке аз ромишгарони дарбори Хусрави Парвизи Сосонӣ, ки чангро устодона менавохтааст.
Найранҷот – ҷамъи найранг.
Наём – гилоф.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор