Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

заминҷаллобони мағруру худписанд) муқобил гузошта шудааст. Оқибат тифлон (ҷавонони ватандӯсту халқпарвар) ба боғ даромада, аз парвона пару бол мекананд ва кирмак шукр мекунад, ки мағруру худписанд нест. Тамсил чунин ҷамъбаст шудааст:

Он ки дар ин маърака худрой шуд,
Худсару худбину худорой шуд,
Оқибаташ ҳол бад ин сон шавад,
Маъракаи бозии тифлон шавад.

Фаъолияти шоирии адиб баъди инқилоби Октябр ҳам давом намуд. Шоир дар ин айём баробари жанрҳои суннатӣ аз шаклҳои нави шеърӣ низ бомаҳорат истифода кардааст. «Суруди озодӣ» ё «Марши ҳуррият» (1918) ном шеъри Айнӣ аз нӯҳ банди чаҳормисраъӣ иборат буда, ба оҳанги «Марселеза» эҷод гардидааст. Ин суруд дар ду вазн (1. Баҳри рамал – фоилун, фоилун, фоилотун; 2. Баҳри мутадорик – фоилун, фоилун, фоилун) эҷод гардида, ҳам аз ҷиҳати мундариҷа ва ҳам аз ҷиҳати вазну қофия шеъри навоварона мебошад.

Эй ситамдидагон, эй асирон!
Вақти озодии мо расид.
Муждагонӣ диҳед, эй фақирон!
Дар ҷаҳон субҳи шодӣ дамид...

Устод Айнӣ то охири умр аз эҷоди асарҳои назмӣ даст накашид. Шеъру достонҳои «Инқилоб» (1919), «Ба шарафи инқилоби Октябр» (1920), «Ахгари инқилоб» (1921), «Овози тоҷик» (1924), «Шоистаи ҳурмат» (1932), «Даҳ сол» (1932), «Тоҷикистон» (1935), «Ба Пушкин» (1937), «Ҷанги одаму об» (1937), «Марши интиқом» (1941), «Суруди зафар» (1943), «Қасидаи ҷанг ва зафар» (1945) ва ғайра бо хусусиятҳои публисистӣ ва рӯҳи муассирии худ муносибати шоирро ба воқеаҳои муҳими сиёсӣ, иҷтимоӣ

пешина
аз 343
навбатӣ