Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
он ки программаро омӯзанду бо он кор баранд ва корро аз мудирони ботаҷриба омӯзанд, баръакс худашон дигар программа сохта — яъне интихоби дастури "Хишти аввал" навиштанд. — Эшоновро аз афт ҳалқаш каме қоқ шуд, ки андак гулӯяшро афшонду бо виқорона ба сӯҳбат идома дод. — Ҳоло кор карда худашонро нишон надода, расмҳояшон ба газетаҳо баромад. Ман намедонам ин кас чӣ корнамоӣ кардаанду бо кадом корашон машҳур шуданист, — ин дам гапи Эшонов хеле подарҳаво баромад, ки андак ҳиҷолатзада шуд, баъди нигоҳи тӯлонӣ ба варақҳои пешакӣ тайёр кардааш ба идомаи суханаш пардохт. — Худатон қазоват карда бошед даркор, ки ба "Хишти аввал" чиҳоро гирд овардаанд ин кас, — нигоҳи Эшонов ба сӯи ман дӯхта шуд. — Ҳамин тарбияи обичнаи худамонро гирифта бо ҳадисҳои пайғамбар оро додаанд. Сониян ман намедонам, ки ин кас чӣ хел ба рӯйхати аъзоёни комиссияи концепсияи Вазорати маорифи Тоҷикистон дохил шудаанд. Ман махсус ба Душанбе ба вазорати маорифи Тоҷикистон рафта, ҳамаашро тафтиш кардаю санҷида омадам, ягон кас дар вазорат ин касро намешиносад. Дар Пажӯҳишгоҳи улуми педагогӣ бошад, як-ду нафар шахсон гуфтанд, ки Исомаддинова бо маблағу коғазҳои худаш дастурашро чоп кардааст. Ман намефаҳмам, агар ба вазорати маорифи Тоҷикистон ин чиз зарур мебуд, худи вазорат аз ҳисоби маблағи худаш ҳамин гуна дастурро мебароварданд. Ҳеҷ ҷо ҳеҷ гап не, ягон кори хайр иҷро накарда, ҳама газетаҳо бо расму портретҳо ва мақолаҳои дурӯғин пропаганда мекунад. Мана аз мақолаи "Исёни духтари Ибни Ямин" қазоват карда бошед даркор, — Эшонов аз зери кашаш газетаро бароварда ба суд нишон дод, — нависандаи ин мақола Усмон Шокир ба фикрам ин журналисти зархариди Исомаддинова будагист, зеро ба ҳама судҳо ӯ аз Душанбе ҳозир мешавад ва дарҳол ягон мақолаи иғвогарона чоп мекунад. Ҳоло ин корҳояшро ҳамту намемонем, ба ин мақолаи "Исёни духтари Ибни Ямин" бо каллааш ҷавоб мегӯяд, — Эшонов мушташро ба рӯи минбар кӯфта худро хост асабонӣ нишон диҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё