Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
ноодолативу дуздӣ ҳамеша аз ҷониби ман гирифта мешуд. Баракс, замоне, ки ман ба кор омадам, дар кӯдакстон ба яғмо бурдани ашёи кӯдакстон қатъ гардид. Гузашта аз ин, ман танҳо хостам дар дили кӯдакон тухми муҳаббати ватану миллатро бикорам, орзу доштам эҳтироми забони ҳазорсолаи бою ғании тоҷикӣ-дарӣ дар ботини кӯдакони ноболиғ нумуъ кунад. Бисёр хостаму кӯшиш кардам, ки тифлҳои миллати сарбаланд худшиносу худошинос бошанд. Бисёр саъй варзидам то бо суннати қадимаву андӯхтании ниёгонамон насли ояндаи тоҷикро ошно созам. Аммо... Мутаассифона...
Андешаҳои печ дар печ маро боз ба ҳадиси Расули акрам (с) овард, ки мегӯяд:
"Бидонед, ки Худованд илмро аз бандагонаш наситонад. Балки бо гирифтани доноён илмро меситонад. Пас он гаҳ ҳеҷ доно ва ҳеҷ олиме боқӣ намемонад, ҷоҳил садри маҷлис ҷой гирад ва коргузорон таслиму тасмими ӯ мегарданд ва ҳукм бидуни илм ва доной содир намояд, хатоҳо содир кунад ва дигаронро ба вартаи хато кашонад...".
Бо ин ҳарфҳо дилу рӯҳи шикастаамро андак таскин бахшидам.
Пас аз муддате Акчурин маро огоҳ кард, ки ба толори мурофиавӣ дароям, зеро суд сар мешавад. Инак, мурофиа оғоз ёфт. Албатта бидуни иштироки журналист Дадоҷон Норматов. Ӯ паси дар монд. Аз боиси ин хеле нороҳат шудам. Зеро ӯро даъват карда будаму инак ба суд иштирок карда натавонист. Худро хеле ноҳинҷор ҳис кардам.
Мурофиаи суд низ оғоз ёфт. Судя Манзура Мамадова хеле зани ботамкину дурандеш ва дар кори худ хеле рамузфаҳму суботкор будааст. Ҳар нафарро бодиққат гӯш мекард, нигоҳҳои ҷозибаш гӯяндаро водор мекард, ки аз сидқи дил ҳарф бизанад ва ҳар каси бинанда ба ин чеҳраи маъсум наметавонист, ки сири дилашро пинҳон кунад ва ё ки дурӯғ гӯяд.
Рӯзҳои нахуст аз 11 январ то 13 январ рӯзҳои баромади ману ҳимоятгарам Акчурин ва ҷавобгарон буд. Боқӣ рӯзҳо,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё