Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
дароз кард. Аз рӯи қироати раиси суд мактуб чунин мазмун дошт:
"Ба раиси суди ноҳияи Конибодом рафиқ Мазбутов. Мо, намояндагони заводи гидрометаллургӣ аз рӯи даъвои Исомаддинова "Дар бораи барқарор кардан дар вазифаи пештарааш ва рӯёнидани музди меҳнат барои прогулҳои маҷбурӣ"-яш изҳор менамоем:
-
Даъвои мазкур аз тарафи суди ноҳияи Исфара рад карда шуда буд. Коллегияи суди вилоятӣ оид ба корҳои граждании онро қонеъ гардонид. Вале Президиуми суди вилояти Ленинобод бо қарори худ аз 23 октябри соли 1992 онҳоро бекор кард. Бино ба ин далел кор хеле мураккаб мебошад.
-
Аз сабаби он ки мурофиаи суд ба соати 9-и пагоҳии ҳамин рӯз таъин шуда буд, вале то ҳол он оғоз наёфт ва сабаби асосӣ то омадани намояндагони матбуот аст.
Аз тарафи шумо ба мурофиаи суд иҷозат додани иштироки намояндагони телевизион, ки онҳо маҳз ба даъвати даъвогар Исомаддинова омадаанд, ин бесабаб нест. Дафъаи гузашта низ, яъне 14 январи соли 1993 шумо то омадани онҳо мурофиаро оғоз накардед. Шоҳидони завод аз соати 9:00 мунтазир буданд. Мо ба ҳамин хулоса омадем, ки шумо зери таъсири онҳо мондаед ва фақат аз рӯи қонун дида баромадани парванда аз тарафи шумо ба гумон мебошад. Бинобар ин мо ба шумо нобоварӣ изҳор менамоем ва бигзор корро худи суди вилоятӣ ба истеҳсолот қабул кунад.
PS: Ходимони матбуот амалан корро яктарафа ва таҳрифкорона нишон медиҳанд. Масалан нигаред ба газетаи "Ҷумҳурият" аз санаи 12.12.1992 сол. Мо шахсан иштироккунандаи имрӯза, намояндаи телевизиони вилоятӣ Д. Норматовро таклиф намуда будем, ки пешакӣ омада бо кор шинос шавад, аммо наомад.
Тӯхтаев (имзо), Солиев (имзо), Эшонов (имзо)".
Ҷавобгарон мактубро доданду толори судро тарк карданд. Бо ин сабаб боз суд вайрон шуд. Ин ҳолат бояд, ки ба вуқӯъ мепайваст, зеро онҳо дар тамоми риштаҳои фишангдорӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё