Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
Тӯхтаеви ҳуқуқшинос бошад, чунон бемағзу беҷавҳар баланд-баланд сухан мегуфт, ки маънии ҳарфҳояшро на худаш мефаҳмиду на дигарон.
Ҳарчанд раиси суд бо болғачаи чӯбини адолаташ рӯи миз туқ-туқ зада хоҳиш кард, ки интизому оромиро нигоҳ доранд, аммо ҷавобгарон ба ин гӯш надода, ҳар яке бо таври худ пешниҳоде карда, қатъан талаб карданд, ки толори судро журналистон тарк кунанд.
Прокурор Аҳмедов дид, ки онҳо аз ҳад гузаштанд, рафторашонро маҳкум кард ва ба онҳо “ҳайфи ту” эълон кард. Машваратчиёни халқии судӣ низ ба ҳамдигар нигоҳ карда, бо афсӯс сар ҷунбониданд, ки маънии аз чаҳорчӯбаи қонуну одоб берун будани ҷавобгаронро дошт.
- ЯК сухан гӯям, мумкин-мӣ? - аз қафои толори суд садои журналист Дадоҷон Норматов шунида шуд.
Раиси суд бо ишораи сараш иҷозат дод.
- Шахсан ман ин ҷо барои ошнобозӣ наомадаам, маро роҳбари редаксия дар асоси аризаи Исомаддинова ба ин ҷо фиристодааст. Тақдири Исомаддинова дар дасти ман ва дигар журналистон нест, балки сарнавишти Исомаддиноваро қонун ва суд муайян мекунад, ки ҳоло барои мо журналистон номаълум аст. Барои чӣ бо ҳеҷ сабабу асос шумоён ба гумонҳои бад рафта, дар ҳаққи кормандони васоити ахбори омма суханҳои ноҷо мегӯед?
Боз гавғои он се нафар ба фалак печид. Ниҳоят раиси суд даҳ дақиқа танаффус эълон карду суд вайрон шуд. Ҳама аз толори суд пароканда шуда ба долон баромаданд. Ҳамоно он се нафар гулӯяшонро дарронида бо кароҳату таҳдид бе таваққуф сухан мегуфтанд, ки гӯё ба таври эшон онҳо ҳақ будаанду дигарон ноҳақ.
Аҷаб буд, ки танаффус ба ҷои даҳ дақиқа хеле тӯл кашид. Ҳама интизори он буданд, ки кай суд ба кораш идома медода бошад. Ниҳоят котиби маҷлиси суд ба қароре омад, ки бо сабаби пеш омадани чунин нофаҳмиҳо суд корашро ба рӯзи дигар монондааст. Ҳамин тарз ҳамон рӯз қариб 30 нафар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё