Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

ҳимоятгари парванда Акчурин аст, пешакӣ мегуфтанд, ки бо Акчурин шӯхӣ ва ошнобозӣ кор нахоҳад дод. Зеро хеле босаводу таҳлили амиқи ҳуқуқшиносӣ дошт. Ҳар ҳуҷҷатро гаштаву баргашта мехонд, таҳлил мекард, бе факту рақам даст ба ягон пешгӯӣ намезад.

Ӯро дар утоқи корияш дарёфтаму он чӣ ҳуҷҷатҳои ҷамъкарда ва қиссаи талхи рӯзҳои ахир доштаамро пешниҳод кардам. Ӯ пас аз муддати тӯлонӣ, ки чашмашро аз ҳуҷҷатҳо намеканд, назар дӯхту як оҳи сарде кашид. Баъди андак ба мувофиқае омад, ки ин корро ба ӯҳдааш мегирад.

-Муаллима, шумо ба мубориза омода ҳастед?-сарашро аз болои коғазҳо боло карда пурсид. -Зеро дар муқобили шумо гурӯҳи мансабдорони на балки завод, инчунин маориф ҳастанд, ки роҳбарони ҳукумат бо онҳо ҳамдастӣ доранд.

Ин замон суоли падари раҳматиам, ки айнан чунин ба ёдам омад. Ашки чашмонамро пок кардаму:

-Ман омода ҳастам,-бо ҷиддият ва бо иродаи қавӣ посухаш додам.

Акчурин маслиҳат дод, ки қабл аз шурӯъи кор бояд ба тамоми мақомоти вилоятиву ҷумҳуриявӣ номаи дархост навишт, то дар рафти кори судӣ вилоятӣ мунсифона ба ин парванда назар дӯхта шавад. Ҳамзамон таъкид кард, ки вазорати маорифи Тоҷикистон, идораи маорифи вилояти Ленинобод, Пажӯҳишгоҳи улуми педагогӣ, Бунёди забони тоҷикӣ ва дигар нуқтаҳои масъулро бояд ёдрас кард, ки дар бадали ҳақталошиҳо ноадолативу ноҷавонмардӣ сурат гирифт. Пеш аз ҳама ин кор аризаи кассатсиониро ба суди граждании вилояти Ленинобод бо нусхаи қарори суди шаҳри Исфара бояд равон кард.

Чанд рӯзи дигарро дар хилвати хонаву дар иҳотаи ғамҳоям сипарӣ кардам. Асабам боз вайронтар шуд. Вазъи саломатиам боз бадтар гашт. Зеро қарори суди шаҳри Исфара зарбаи муҳлике буд, ба тану ҷони хастаи ман. Аммо аз раъям, ки ҷавҳари ҳақиқатҷӯй буд, нагаштам. Аризаи кассатсионӣ навиштаму ба суди вилояти Суғд муроҷиат кардам. Дар суди

пешина
аз 385
навбатӣ