Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
рӯйхати сиёҳ афтоданашон). Баъдан дар Панҷакенту шаҳри Исфара ибтикоргари соҳаи матбуот ва рӯзноманигорӣ буданд, ки ба ҳайси нахустсармуҳаррири рӯзномаи "Коммунисти Исфара" кору фаъолият бурданд. Бо вуҷуди нӯши дӯстону неши душманон буданашон ба мо фарзандони ахлоқи ҳамидаву имонро тарбият медоданд. Аз режими оҳанини коммунисти пинҳонӣ ба мо худодӯстиву имонпарастиро омӯзониданд. Ин заҳамоти эшон буд, ки мо фарзандони оила ҳамагӣ соҳиби маълумоту касбу кори эҷодӣ ва ҳамеша дар рӯҳияи ватандӯстӣ ба воя расидем.
Хуб дар хотир дорам, тахмин 15-16 сола будам. Мо, хоҳарону бародарон дар айни тавси ҳавои тобистон пиромуни падар печида будемӣ қиблагоҳӣ моро бо суханҳои ширину гоҳо бо ҳаҷвҳои намакин хуш медоштанд. Боре шӯҳиҳои маро дида завқ бурда, ба ман бо меҳр нигоҳ карда монданд. Баъди каме сукут ба ман назар кардандӣ ба бародарону хоҳарон хитоб карданд:
- Ба ман мутаваҷҷеҳ бошед фарзандонам. Як чиз мегӯям, ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунед. Шояд он рӯз ман дар байни шумо зинда набошам, аммо бовар дорам, шумо бо чашми сар хоҳед дид, ки Муноҷотхони ман дар оянда чӣ гуна роҳбаре мешавад.
- Чӣ хел роҳбар, - бародарам бо тамасхур пурсид.
- Ман бовар дорам, ки рӯзе мерасаду Муноҷотхони ман ба як коргоҳе сарвар мешавад, ки дар итоати ӯ 150-200 нақлиёт кор мекунад.
Бародарону хоҳарон ба сухани падар ханда карданд. Ҳеҷ кас ба ин каромоти падар бовар накард. Аз ростӣ ман низ ба дар банди андеша будам, ки чӣ гуна ман сарвар мешудаам. Бар замми ин коргоҳе, ки нақлиёти зиёд доштааст. Даруни дил камтар писханд задаму мондам.
Махсумхон бародарам низ тааҷҷуб кард ва падарамро аз ҳолати саломатиаш пурсон шуд:
- Мабодо таб надоред-ку дадо?! - Нобоварона пурсиданд Махсумхон...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё