Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

ҳузури бади рӯзгор зону мезадам, як сухани падар маро аз нав меҳезонид ва ба сӯи ояндаи дурахшон раҳнамоӣ мекард.

Инак, ман худро беболу пар ва бепуштибонтарин кас ҳисобидам. Марги падар бар замми ин ки асабонияти корӣ ҳамеша дунболагирам буд, боз як зарбаи сахти тақдирам шуд. Сараввал қабултоҳи раиси шаҳр Савриддинова ва мудири маориф Парпиевро аз марги падар огоҳ сохтам. Дӯстону шогирдон ва ҳамкорони падар барои таъзия сари вақт омада арзи тасаллият гуфтанд. Аммо аз намояндаҳои ҳукумат ва маориф касеро надидам. Сонитар шунидам, ки ҳангоми тобутбардорӣ Парпиев омадаанд. Баъди марги падар дарк кардам, ки падарам Ибни Ямин танҳо барои оилаи мо тааллуқ надоштаанд, балки қиблагоҳиам ба кулли мардуми Исфара ва ҳатто вилояту ҷумҳурӣ мутааллиқ будаанд. Хизматҳои неки падарро ҳама дуру наздикон ёдовар мешуданд. Он замон дидам, ки ҳама ёру дӯстон ва ҳалқаи пайвандони падар аз марги нобаҳангом гиребону ҷома медариданд. Ҳама аз Худоем ва ба сӯи Ӯ бармегардем. Тардиде нест, ки ҳама мемирем, аз ин рӯ, худро андак бо ёди Худованд сабук кардам, ки охир дар дунё танҳо падари ман намурдаанд-ку.

Ман бо сабаби таъзияи падар рухсатии бемузд гирифтам. Расо баъди 19 рӯзи марги падар аз раёсати заводи металлургӣ даъватнома гирифтам, ки бояд пагоҳ, яъне 9 марти соли 1992 ба дафтари кории директори завод Абдуҷаббор Каттаев ҳозир шавам. Зеро аттестатсия мешудааст. Рӯзи 20-уми таъзияи падар, ки бояд хатмшиканон (он замон танзими расму оин вуҷуд надошт, аз ин рӯ харҷу масрафи зиёдатии тӯю сур ва таъзияҳо вуҷуд дошт) мешуд, ман ба ҷои таъзия ба аттестатсия шитофтам. Бисёр аламовар буд, ки раёсати завод ва шӯъбаи маориф тимсоли мақоли халқии “таъзияро монда, мисли саг тутхӯрӣ" ба аттестатсия пардохтанд. Медонистам, ки муаллифи сенарияи ин аттестатсия кист. Нахуст рад кардам, ки ба аттестатсия намеравам. Аммо шавҳарам ва дӯстонам исрор карданд, ки бояд равам.

Субҳи 9 март расо дар соати 9.00 ба дафтари кории

пешина
аз 385
навбатӣ