Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
шикояти ман ҳам дар завод, ҳам дар ҳукумати ноҳия ва ҳам дар шӯъбаи маориф ҳамин посух буд.
Бо чунин талхиву шӯрии кор ман дилсард нашудам, баръакс тарбияи кӯдакӣстон нисбат ба дигар тарбиятгоҳҳои шаҳру ноҳия беҳтар буд. Зеро дар озмуни "Беҳтарин мураббияи сол" ҳамон сол Карима Бадалова мураббияи кӯдакистони ман дар ноҳия ҷои аввалро ишғол кард. Аммо кӯрдилон инро дидан нахостанд. Гумон накарданд, ки чаро мураббияи тоҷик дар сатҳи ноҳия ҷои нахустро гирифт. Андеша накарданд, ки чаро маҳз бо барномаҳои миллӣ ин мураббия ҷои намоёнро гирифтааст. Охир дар барномаҳои озмунии эшон дастуроти миллии "Хишти аввал" буд. Инро масъулин дидан нахостанд. Чашми дилашон тавону қудрати дидани ҳақиқатро надошт. Он лаҳзаҳои бароям хеле вазнину сангин дарёфтам, ки чаро падарам дар вақти ба кори таълифи китоби "Хишти аввал" оғоз карданам, маро таъкид ба таъкид пурсиданд, ки "Оё ту ба мубориза тайёр ҳастӣ, агар тайёр бошӣ баъд даст ба ин кор зан. Ҳар як калимаи китоб ба сарат калтаке мешавад".
Падар чӣ гуна дили бузурге доштаанд, ки ин корро бо каромати худованд пешгӯӣ карда будаанд. Гиря гулӯгирам кард. Ба қавли Софияи тошкандии ҳаёти ман воқеан пур аз муборизаҳо будааст. Аз яке аз дӯстонам фаҳмидам, ки рӯзҳои наздик раёсати завод хулосаи охиринашро нисбат ба ман мебаровардааст. Яъне ин мазмуни ин буд, ки ба фоидаи Олга Петрова, Эшонову Солиев ва Тӯхтаеву дигар тоҷикбадбинон кор ҳал мешудааст.
16 феврали соли 1992 барои ман рӯзи сангинтарини умрам буд. Дар ин рӯз ман қиблагоҳиам Ибни Яминро аз даст додам. Фавти падарам ба фикрам яке аз рӯзҳои мотамзадатарини умри ман маҳсуб мешавад. Зеро то ба имрӯз падар ҳамеша муттако, маслиҳатгар ва қуввату мадори дили ман буданд. Дар ҳар афту хези тақдираму пешомади баду хуби рӯзгорам падар ҳамеша маро машваратчии беминнат буданд, пайваста маро дилбардорӣ менамуданд. Маҳз дуоҳои синаи осмоншикофи падар маро ҳамеша дастгиру нерӯи дил буданд. Ҳар боре дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё