Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

ман Ольга Петрова ва ёронашро зери тозиёнаи танқид гирифта истодаам, дар лабонашнон табассумҳои ризову малеҳ давр мезад. Охир ин бечорагон низ бисёр аз ин пеш ноҳақиву ноадолатии ононро дида буданд. Касе наметавонист пишакашонро пишт гӯяд. Пас чаро ин лаҳза, ки ман аз ҳақиқат мегӯяму бемасъулиятиашонро сарзаниш мекунам, хурсанд нашаванд? Ман ба онон ҳақ медиҳам, ки андак бошад ҳам аз тантанаи адолат рӯҳашон бароҳат бошад.

Умуман дар фазои кории кӯдакистон ду андешаи ба ҳам мухолиф дар муқобили ҳамдигар меистод:

  1. Куштани рӯҳияи миллӣ аз ҷониби ғайритоҷикон ва дигар тоҷиконе, ки русмаобу аз ҳӯввияти миллӣ безор буданд.

  2. Сорӣ ва дар тарбияи кӯдакони боғча андешаҳои истиқлолхоҳии миллӣ ва хештаншиносиро рехтан.

Маҳз ин омилҳо рӯйи кор омад, ки душманони ман аз будаш бештар шуду кор то бемории дили ману судбозии эшон гашт. Ҳамеша дар маҷлису маҳофили раёсати заводу шӯъбаи маориф ва ҳукумати ноҳия ман ҳамчун "миллатчӣ" ва ҷорикунандаи забони тоҷикӣ дар кори кӯдакистон сарзанишу дашном ва соатҳои дароз рост истода маломат мешунидам. Боз аз ҳама аламовараш ҳамдастӣ кардани ҳамзабонони худам ба ғайритоҷикони коргоҳам буд. Мушоҳида кардан бароям мушкил набуд, ки лаббайкгӯю балегӯёни ғайритоҷикон ҳамеша Ольга Петрова дигарон ба шӯр меандохтанд ва ҳар замон, ки ғалаба ба фоидаи ман меанҷомид, нақшаи дигарро мекашиданд.

Дақиқ дар хотир дорам, ки моҳи апрели соли 1992 буд. Баъди аз интишор баромадани китоби "Хишти аввал"-ам дар вазорати маорифи ҷумҳурӣ аксари олимону методистони варзидаву шинохтай сатҳи ҷумҳуриявӣ маро ҷонибдорӣ карданд. Тавассути вазорати маориф дастурам дар тамоми тарбиягоҳҳои ибтидоии кишвар дастрас гардид. Ҳар рӯз қариб як барқияи шодбошӣ ва табрикоти самимонам устодони суханро мегирифтам, ки ҳам аз шаҳри Душанбе навоҳии атрофи он, шаҳри Хуҷанд ва умуман вилояти Ленинобод (ҳозира Суғд)

пешина
аз 385
навбатӣ