Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
гиря дошту дигаре аз ғалаба завқкунон хандаҳояш сақфхарош мешуд. Мураббии ин гурӯҳ Элмира буд. Дар паҳлӯи ҳамин гурӯҳ утоқи кории ҳамшираи шафқат Ҳатамова қарор дошт. Медонистам, ки онҳо ҳамон ҷоянд. Наход садои кӯдаконро нашунаванд? Бо ин суол рафтаму дарро кушодам. Рӯи миз тамоми нӯқлу шароб гузошта шуда буду, айни нӯшбодашон будааст. Бо баробари дарро кушодани ман ҳамашон ҳайратзада надонистанд чӣ кор кунанд. Қаҳқаҳои хандаашон, ки то ин дам фазои хонаро пур карда буд, якбора хомӯш шуд. Олга Петрова, ки баъди зарбаи мушти маро хӯрдан аз соямам ҳам метарсид, бе ягон баҳона рӯ ба гурез ниҳоду аз паҳлӯям бо шаст худро ба долони кӯдакистон зад. Элмира бошад аз чашмонам гӯё пай бурд, ки дар гурӯҳаш ягон коре шудааст, мисли рӯбаҳ табассуми сохтакорона карда, бо нишони узрхоҳӣ сарашро ҷунбонида ӯ низ худро канор гирифт. Фазои хона бӯи ғализи арақ мекард. Дилам беҳузур шуд аз бӯи бади утоқ. Ҳама дар як они воҳид ба утоқи кории худ пароканда шуданд. Ба ҷуз хомӯшӣ ман дигар ҳеҷ чиз гуфта натавонистам. Зеро медонистам, ки агар ба дашном сар кунам, аламҳои пешинаам тоза мешаваду шояд ягон балое сар мезад. Лиҳозо, хомӯшиям беҳтар буд. Пайхас кардам, ки нигоҳҳои ман онҳоро ҳар лаҳза мекушт. Ба фикрам хомӯшиям аз дашном ҳам бароям қорагару бадтар буд.
Дар муҳокимаи рӯзи баъд ин амалашонро сахт маҳкум кардам, дар ҳаққи чунин бемасъуниятӣ ва ноаҳлиғариашон то метавонистам ҳарфҳои намакдору тагдор гуфтам. Аз нигоҳи ҳамаашон нишони интиқом ҳувайдо буд. Ин ҳарфҳо маънии онро надорад, ки ман дар кӯдакистон ҳамфикру ҳамрозҳо надоштам. Тарафдорони ман хеле зиёд буданд. Ба вижа мураббиёни тоҷик ва дигар кормандони тоҷик, ки то замони ба сарварии коргоҳ омадани ман эшон низ таҳқир ва дашномҳои ғайримусулмонии Олга Петроваю дигар ҳаммаслаконашро дидаву шунида буданд, тамоми ибтикори маро дастгирӣ мекарданд ва ҳамеша дар рӯзҳои мушкилтарини кори кӯдакистон дар паҳлӯям буданд. Ҳамзамон дидам, ки ҳангоме

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё