Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
мегурехтанд, ки мабодо ба рӯйхати сиёҳ наафтанд. Чеҳраи афроди ба рӯйхати сиёҳи НКВД (рӯйхати махсуси мақомоти давлатӣ буд, ки танҳо одамони зиёӣ, эшонзодаву меросбарони Паёмбари ислом (с) ва олимони исломшинос ба он дохил мешуданд ва он лаҳзаҳо чунин афрод гӯё ҳамчун душмани давлат ба қайд гирифта шуда, ибтидо аз солҳои 1937 аксарият бадарғаву ҳукми қатл ва дигар муҷозоти сангинтарин гирифтор мешуданд) афтода ҳамеша маъюсу дар ҷойи корҳои вазнин ва тоқатшикан кор мекарданд. Ин гуна афрод ҳеҷ маҳал ба курсӣҳои ҳатто муаллими оддӣ раҳ намеёфтанд.
Мутаассифона падари ман дар ин рӯйхат буданд. Гуноҳи он кас танҳо ҳамин буд, ки имон доштанду ҳама ҷой ҳақро мегуфтанд ва аз ин хотир ба ҳукуматдорони вақт мақбул набуданд. Аслан ошкортар гӯем ҳукуматдорон метарсиданд, ки маҳз ҳақгӯиву ҳақҷӯии чунин афрод боиси он мешавад, ки садрнишинҳои ҳукуматҳои маҳаллӣ наметавонистанд бемалол молу маноли ҷамъиятиро ба хонаашон мисли калламуш кашонанд. Падарам, ки аҳли зиё буданду яке аз донандагони хуби забони тоҷикӣ, илми абҷад ва асосгузори маорифи кишвар буданд, ҳама ноҳақиро дар ҷояш бо ошкоргӯиву рӯшодгӯйӣ мегуфтанд. Маҳз ҳамин ахлоқи эшон ба ҳукуматдорон хуш наёмад, ки ба даргоҳи мақомотҳои амниятӣ номи падарамро сиёҳ карданд. Ӯро феодалу заминдору эшонзода унвон карданд ва лоҷарам ному насаби қиблагоҳиам ба рӯйхати сиёҳ афтод. Вижагии ин кор ва оқибатҳои он ба мо, фарзандони оила бетаъсир намонд. Ба мо дар сатҳи ҳама ҷойгоҳи ҷамъиятӣ ҳамчун фарзандони душмани давлат муносибат мекарданд. Ҳам дар мактаб ва ҳам дар коргоҳ.
Хеле хуб дар хотир дорам, ки синфи шашум мехондам. Айни авҷи сахтгириҳои режими коммунистӣ-сталинӣ буд. Моҳҳои рамазон мешуд, яке аз анъанаи атеистӣ, ки рӯзахӯронӣ ва санҷиши он ки кадом талаба соҳиби имон аст ё не, дар мактаби мо низ бадбахтона рӯзахӯрони бо хандаву мазоҳи атеистон оғоз меёфту анҷом мепазируфт. Ман ки дар мактаб ҳамчун

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё