Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
Наҷотхон Исомаддинзода
22-уми октябри соли 1953 дар
шаҳри биҳиштманзари Исфара,
дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст.
Соли 1970 мактаби миёнаи №12-и
шаҳрро бо баҳои хубу аъло хатм
намуда, Омӯзишгоҳи иқтисодӣ ва
молиявии шаҳри Душанберо
ғоибона ба итмом расонидааст.
Пас аз он факултети филологияи
Донишгоҳи шаҳри Хуҷандро хатм
кардааст.
Аз соли 2000 то соли 2003 – раиси бахши бонувони вилояти Суғд ва узви Раёсати Олии ҲНИТ буд. Фаъолияти кориашро аз даргоҳи рӯзномаи ноҳиявии «Коммунисти Исфара» оғоз бахшида, дар бонкҳои ноҳия ва вилоят ба ҳайси иқтисодчӣ ифои вазифа намудааст.
Азбаски дар оилаи зиёӣ мелод ва ба воя расидааст, самти зиндагии ӯ ба эҷодиёт ва тарбияи ахлоқии миллӣ бархӯрд. Дар кӯдакистонҳо ба сифати мудир кор карда, аввалин ибтикоргари омӯзиши хати форсӣ дар ноҳия аст. Аз соли 2003 узви соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Аз соли 1999 аъзои Ҷамъияти байналмилалии «Пайванд» мебошад.
Муаллифи дастурҳои «Хишти аввал» ва «Нури одамият» аст.
Бо қалами ӯ зиёда аз сад мақолаҳои илмиву ахлоқӣ пешкаши омма гардидааст.
Оиладор, соҳиби се фарзанду панҷ набера аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор