Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Ба ҷои охирсухан

Ба ангушти асо пирӣ ишорат мекунад ҳар дам:
Ки марг ин ҷост ё он ҷост ё он ҷост ё инҷо?!

Дар охири ин ёддоштам ман бояд ба афроде, ки барои рушду нумуъи камина ва барои таҳияи ин китоб дасти кӯмаки худро дареғ надоштаанд, бояд арзи сипос намоям. Зеро номи нек ва хотираҳои бузургашон дар зеҳну муҳаббаташон дар қалбам ҷойгир аст. Ибтидоан аз қиблагоҳиам Ибни Ямин Исомаддинзода, ки ҳам падари маънавӣ ва ҳам ҷисмонии мананд, арзу сипос мегӯям ва бар марқади поки эшон санову дуо мефиристам, ки ҷояшон биҳишти анбарсиришт бошад. Ба модари мушфиқу фариштасимоям Шамсияхон, ки боиси камолот ва тарбияи хуби тоҷиконаам ҳастанд, як умр мадюни эшон ҳастам, ки дар ҳар намозам ба арвоҳи покашон дуо мефиристам, ки мақоми эшон дар қатори модарони биҳиштӣ бошад. Ба марҳум Қозидомулло ҳоҷӣ Мирзоабдуллоҳ Калонзода-собиқ Қозии Тоҷикистон, ки дар ҳар нишасту хезам машварати хубу мондагор медоданд, бисёр сипосгузорам, ҷои эшон низ биҳишту ризогии Худованд нури қабрашон бошад. Аз марҳуми домулло Муслиҳиддин Мукаррамов-собиқ имомхатиб ва раиси Шӯрои уламои вилояти Суғд бо дуои нек ёдовар мешавам, ки дар баъзе вақт дастгири ин ҷониб буданд. Аз устоди фақид ва шаҳирам Саид Абдуллоҳи Нури-собиқ раиси ҲНИТ хеле ва хеле мамнунам, ки бовар дорам, хидматҳои эшонро дар сипосгузории шабу рӯзиам низ ба ҷой оварда наметавонам. Парвардигор аз эшон ризову халқи Худой дуогӯи рӯҳашон бошад. Марҳум профессор Асадуллоев Саъдулло низ устоди маънавии камина ҳастанд, ки дар ташкили курсҳои омӯзиши хатти форсӣ бароям дасти кӯмак дароз карданд, бисёр арзи сипос мегӯям ва албатта дар ҳар намозам низ аз эшон ёд мекунам.

А.Насриддинов-собиқ муҳаррири газетаи "Омӯзгор", ки дар интишори дастури "Хишти аввал" ёварӣ кардаанд, бисёр шукргузору дуогӯ ҳастам. Аз шоири шаҳир ва марҳум Лоиқ

пешина
аз 385
навбатӣ