Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

гирифта, чор сол ба ҳабс гирифтор шуд. Баъди озод шудан аз ӯ дӯстону шогирдони мансабдораш рӯй гардониданд. Дар рӯзҳои сахттарини ҳаёт дар як дасташ дасти писарчаи хурдсолаш Баширхон, дар дасти дигар танбӯр буд. Баъзеҳо ӯро чун мансабдори собиқи Ҳукумати Шӯравӣ наҳр заданд. Баъзеи дигар «домулло»-гӯён айб монда, монеъ мешуданд, ки ба вазифаҳои роҳбарӣ ва барои пешрафти илму фарҳанги халқаш бештар хизмат расонад. Аммо мардум заршинос аст. Ӯ гули сари сабади маҳфилу маърака ва ҷамъомадҳои одамони оддию меҳнатӣ буд. Илму дониши ӯ, панду насиҳатҳо, маслиҳатҳояш чун дорую дармон ба тани бемор, чун оби ширину хушгувор ба ҷони ташнагон зарур буданд. Дӯстони ҷонии санъаткораш ҳунарпешагони шоистаи Тоҷикистон Мирзоқурбони Солеҳ, Иброҳимҷон Норматов, ҳофизи мумтоз Қорӣ Муҳаммадҷон ва дигарон ҳамеша бо ӯ буданд. Ин бесабаб нест. Ҳанӯз соли 1930 ӯ ҷавонони ҳунарпеша, ромишгарону хунёгарони моҳирро гирд оварда, ҳамроҳи Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ пояи театри Исфараро гузошта буд. Дар он асарҳои хурди саҳнавии Ҳамза, Ибни Ямин дар чойхонаҳои лаби рӯд гузошта мешуданд, ки онҳоро мардуми зиёд бо завқу шавқ тамошо мекарданд. Саҳнаҳо пуртаъсир ва нишонрас буданд. Тамошобинон дар симои қаҳрамонони саҳна чеҳраи одамони ғайносро медиданд. Аз шуҷоату нотарсии Домулло Ибни Ямин ба ваҷд омада, изҳори ташвиш ҳам доштанд.

  • Домулло эҳтиёт шавед, мабодо одамони дурӯҳа аз ин рафтори шумо ба хашму ғазаб омада, ба ҷонатон қасд накунанд.

Ин анъанаи дерина минбаъд ҳам идома меёфт. Дар чойхонаҳои соҳил, хусусан чойхонаи Шукурҷони Охунҷон бозиҳои назму наво мерасид. Сарояндагону навозандагони писандидаи мардум Иброҳимҷон Норматов, Юсуф Юнусов, Исмоилҷон Юнусов, Ҷӯрабой Юсуфов, Мирзоқурбони Солеҳ, Қорӣ Носир, Ҳасанҷон Довудов, Абдулазиз, Муҳаммадҷонқорӣ базморо буданд. Навои оҳангҳои "Дугоҳ", "Наврӯзи Аҷам", "Муҳаммаси ушшоқ", "Чӯли Ироқ" дилҳоро тасхир ақлу ҳушро асир мегардонд.

пешина
аз 385
навбатӣ